Шарофиддинов: Аз шохаи лӯлаи гази «ОМ-Чин» Тоҷикистон газ намегирад



Миёни China National Petroleum Corporation (CNPC) ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» дар бораи таъсиси корхонаи муштарак оид ба сохтмон ва истифодаи лӯлаи газ

созишнома

ба имзо расид, ки барои интиқоли газ аз Туркманистон ба Чин пешбинӣ шудааст.

Директори ширкати «Тоҷиктрансгаз» Саидаҳмад Шарофиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки барои интиқоли гази Туркманистон ба Чин Тоҷикистон як кишвари транзитӣ хоҳад шуд ва масъалаи воридоти газ аз ин кишвар ба Тоҷикисион алҳол мавриди баррасӣ қарор надорад.

«Имрӯз интиқоли газ ба Чин тариқи шохаҳои А ва В – Туркманистон – Ӯзбекистон – Қазоқистон – Чин амалӣ шуда, ояндаи назик шохаи С бо масофаи 1840 километр пайваст мешавад. Шохаи алоҳидаи D аз Туркманистон тавассути Ӯзбекистон – Тоҷикистон – Қирғизиситон – Чин мегузарад», – шарҳ дод вай.

Ба қавли ӯ, сохтмони шохаи D аз ҷониби ширкати Чин маблағгузорӣ шуда, ширкати Тоҷикистон иштирокчии лоиҳа аст ва вазифаи ҳамиштирокчӣ аз ҳуқумати Тоҷикистонро ба иҷро мерасонад.

«Кай оғоз шудани сохтмони лӯлаи интиқоли газ дар қаламрави Тоҷикистон алҳол маълум нест, – иброз дошт ӯ. – Моро лозим аст, ки корхонаи муштаракро ба қайд гирем, бояд интихоби паймонкор барпо шавад, ки ҳамаи ин ҳадди ақал 6-7 моҳ вақт тақозо мекунад».

Дар маълумоти CNPС қайд мешавад, ки таҳияи санади арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳаи мазкур аллакай ба анҷом расидааст. Оғози сохтмони қисмати тоҷикистонии шохаи D соли 2014 дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки созишнома миёни Тоҷикистону Чин дар бораи сохтмони лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон ба Чин тариқи қаламрави Тоҷикистон 12-уми сентябри соли 2013 дар Бишкек зимни нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба имзо расида буд. Масофаи лӯлаи интиқоли гази мазкур дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 400 километрро ташкил дода, ба истифода додани он ахири соли 2016 дар назар аст.

Таваасути ин лӯла ҳамасола аз Туркманистон ба Чин 25-30 млрд. метри мукааб гази табиӣ интиқол дода мешавад. Амалисозии ин лоиҳа имкон медиҳад, ки беш аз 3 млрд. $ сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон ҷалб карда шавад. Сохтмони лӯлаи интиқоли гази Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон – Чин яқинан аз кони бузурги нафту гази «Галкиниш» дар Туркманистон оғоз мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное