«Тоҷиктрансгаз» ва CNPC корхонаи муштарак таъсис медиҳанд

Миёни ширкати фаръии Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPS) ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» созишнома ба имзо расид, ки мутобиқи он таъсиси корхонаи муштарак пешбинӣ мешавад. Созишнома рӯзи 4-уми март дар Душанбе ба имзо расид. Бино ба иттилои CNPS , корхонаи нав ба идоракунии шохаи чорум (шохаи D)-и лӯлаи интиқоли гази Осиёи Марказӣ – Чин машғул хоҳад […]

ASIA-Plus



Миёни ширкати фаръии Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPS) ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» созишнома ба имзо расид, ки мутобиқи он таъсиси корхонаи муштарак пешбинӣ мешавад. Созишнома рӯзи 4-уми март дар Душанбе ба имзо расид.

Бино ба

иттилои CNPS

, корхонаи нав ба идоракунии шохаи чорум (шохаи D)-и лӯлаи интиқоли гази Осиёи Марказӣ – Чин машғул хоҳад шуд.

Зикр мегардад, ки бо мақсади бунёди хати D моҳи сентябри соли гузашта ҳукумати Чин бо Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизисион созишномаҳои байниҳукуматӣ ба тасвиб расонид.

Дар маълумоти CNPS таъкид мегардад, ки таҳияи арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳаи мазкур аллакай ба анҷом расидааст. Оғози сохтмони қисмати тоҷикистонии шохаи D соли 2014 дар назар аст.

Корҳои лоиҳакашии шохаи D пас аз имзои қарордод миёни Туркманистону Чин дар моҳи ноябри соли 2011 оид ба интиқоли ҳамасолаи 25 млрд. метри мукааб гази Туркманистон барои эҳтиёҷоти иқтисоди Чин оғоз гардид. То соли 2020 Чин ният дорад, ки аз Осиёи Марказӣ ҳамасола то 80 млрд. метри мукааб газ харидорӣ кунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.