Курсии вакилии раиси ҲАТ то даъвати кунунӣ холӣ мемонад

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бар асоси моддаи 57-и Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ», ба ҷойи раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Амир Қарақулов, ки чанде қабл аз олам даргузашт, тибқи рӯйхати ҳизбӣ вакили нав таъин намекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР ҶТ хабар дод, тибқи моддаи зикршуда интихобот […]

Аваз Юлдошев



Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бар асоси моддаи 57-и Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ», ба ҷойи раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Амир Қарақулов, ки чанде қабл аз олам даргузашт, тибқи рӯйхати ҳизбӣ вакили нав таъин намекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР ҶТ хабар дод, тибқи моддаи зикршуда интихобот ба ҷойи вакили хориҷшудаи палатаи поёнӣ ё болоии ҷумҳурӣ дар сурате гузаронида мешавад, ки агар то муҳлати анҷоми ваколатҳои вакилон камтар аз як сол вақт монда бошад ва ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон 28-уми феврали соли 2015 ба анҷом мерасанд.

«Ҳамин тариқ, то ахири даъвати кунунӣ дар палатаи поёнии парлумон ба ҷойи 63 вакил 59 вакил фаъолият хоҳанд кард ва ин ба кори парлумон ҳеҷ таъсире нахоҳад дошт, зеро дар Маҷлиси намояндагон кворум мавҷуд аст», – афзуд намояндаи КМИР ҶТ.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи ноябри соли гузашта узви фраксияи ҲХДТ Махфират Ҷабборова бинобар сабаби муовини нахуствазир таъин шуданаш, ваколатҳои вакили МНМО ҶТ-ро супурд. Ҳамчунин нимаи моҳи декабри соли гузашта боз як узви ҲХДТ Амирбек Маҳмадалиев низ бо сабаби раиси ноҳияи Ёвон таъин шуданаш курсии вакили МНМО ҶТ-ро тарк кард. Ахири моҳи ноябри соли гузашта узви ҲХДТ дар палатаи поёнии парлумон Махфират Хидирова низ бинобар сабаби таъин шуданаш ба мансаби раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ аз сафи вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар хориҷ шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.