Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Дабири кулли СММ



Санаи 11-уми марти соли равон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун баргузор гашт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, алалхусус баъди хурӯҷи Нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон, тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ, нақши Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон табодули назар карданд.

Гуфта мешавад, мусоҳибон инчунин истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва сарчашмаҳои таҷдидшавандаи энергетикиро матраҳ намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное