Ошкор шудани як қиморхонаи пинҳонӣ дар Кӯлоб

Зимни амалиёти кормандони мақомоти милисаи шаҳри Кӯлоб ба гумони даст доштан дар ташкил ва нигоҳдории қиморхона сокини 42-солаи шаҳр Абдулмаҷид Ҳотамов боздошт шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, боздоштшуда дар манзили шахсиаш қиморхонаи пинҳонӣ ташкил карда, замони боздошти ӯ дар он се нафар сокинони шаҳр машғули қиморбозӣ будаанд. «Барои шароит фароҳам овардан ба […]

ASIA-Plus



Зимни амалиёти кормандони мақомоти милисаи шаҳри Кӯлоб ба гумони даст доштан дар ташкил ва нигоҳдории қиморхона сокини 42-солаи шаҳр Абдулмаҷид Ҳотамов боздошт шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, боздоштшуда дар манзили шахсиаш қиморхонаи пинҳонӣ ташкил карда, замони боздошти ӯ дар он се нафар сокинони шаҳр машғули қиморбозӣ будаанд.

«Барои шароит фароҳам овардан ба қиморбозӣ дар манзилаш, ӯ аз онҳо ҳаққи хизматашро дар ҳаҷми 1180-сомонӣ гирифтааст», – баён мегардад дар хабар.

Дар Тоҷикистон фаъолияти ташкили қиморхонаҳо қонунӣ манъ аст. Ҳанӯз соли 2001 президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи манъи фаъоляити қиморхонаҳо дар қаламрави кишвар фармони махсус ба имзо расонида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.