Қирғизистон изҳороти Януковичро бемавқеъ мешуморад

Қирғизистон ба ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба муташанниҷ шудани вазъ дар Украина ҳамфикр аст. Дар иттилоияи Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар ин робита зикр мегардад, ки Қирғизистон ҳама гуна амали ба муташшаниҷ шудани вазъ дар Украина равонашударо маҳкум мекунад ва аз ин рӯ, изҳороти Виктор Янукович аз 11-уми марти соли равонро номуносиб ва […]

ASIA-Plus



Қирғизистон ба ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба муташанниҷ шудани вазъ дар Украина ҳамфикр аст.

Дар иттилоияи Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар ин робита зикр мегардад, ки Қирғизистон ҳама гуна амали ба муташшаниҷ шудани вазъ дар Украина равонашударо маҳкум мекунад ва аз ин рӯ,

изҳороти Виктор Янукович

аз 11-уми марти соли равонро номуносиб ва бемавқеъ мешуморад.

«Сарчашмаи ягонаи ҳокимият дар ҳама гуна кишвар халқ аст. Президенте, ки комилан эътимоди мардум ва амалан ваколатҳои худро аз даст додаву гузашта аз ин, аз кишвари худ фирор намудааст, қонунӣ буда наметавонад», – баён мегардад дар иттилоия.

Гуфта мешавад, маҳз бемулоҳизагӣ ва ба фасод ғӯтавар шудани собиқ ҳукуматдорони Украина ба буҳрони имрӯза ва қурбонии даҳҳо афроди бегуноҳ боис шуданд. «Қирғизистон ҷонибдори ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъ дар Украина тариқи роҳҳои осоишта, гуфтушунид ва муколама бо риояи ҳатмии меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ ва Оинномаи СММ мебошад», – зикр мегардад дар иттилоияи ВКХ Қирғизистон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.