Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷаласаи навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки он аз 1-ум то 3-юми апрели соли равон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, ҳафтаи равон дар вилояти Суғд ҷамъомади сардорони раёсатҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ-байналмилалии кишварҳои ин созмон доир гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, дар ҷаласаи машваратӣ сардорони раёсатҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ-байналмилалии кишварҳои аъзои СҲШ ва ҳайати намояндагони низомии давлатҳои ин созмон, аз ҷумла, ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон, Россия ва Чин ширкат намуданд.
Дар оғози ҷамъомад нахуст нақшаи баргузории ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои СҲШ барои солҳои 2014 ва 2015 баррасӣ шуд. Аз рӯи ин масъалаҳо сардорони раёсатҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ-байналмилалии кишварҳои ин созмон як қатор ҳуҷчатҳоеро, ки барои тасдиқ бо роҳбарони аввали низомии кишварҳои ин созмон пешбинӣ шудааст, муҳокима намуда, лоиҳаи марбут ба баргузории ҷаласаро дар санаи аз 1-ум то 3-юми апрел қабул намуданд.
Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи мазкур, инчунин густариши минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии кишварҳои аъзои созмони мазкур баррасӣ шуда, доир ба масъалаҳои бехатарӣ дар минтақа ва ҷаҳон мубодилаи афкор сурат гирифт. Илова бар ин, вобаста ба омодагӣ ва баргузории машқҳои муштараки зиддитеррористии ситоди-фармондеҳӣ, ки соли 2014 дар ҳудуди Ҷумҳурии Мардумии Чин ба нақша гирифта шудааст, пешниҳодҳои мушаххас баён гардид.
Дар охири ҷаласа сардорони раёсатҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ-байналмилалии кишварҳои аъзои СҲШ ва ҳайати намояндагони низомии кишварҳои ин созмон вобаста ба натиҷаҳои ҷамъомад Ёддошти тафоҳум ва протоколи ҷаласаро ба имзо расониданд.





