Тоҷикистон ба ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи СҲШ омодагӣ мегирад

Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷаласаи навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки он аз 1-ум то 3-юми апрели соли равон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, ҳафтаи равон дар вилояти Суғд ҷамъомади сардорони раёсатҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ-байналмилалии кишварҳои ин созмон доир гардид. Бино ба иттилои маркази […]

ASIA-Plus



Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷаласаи навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки он аз 1-ум то 3-юми апрели соли равон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, ҳафтаи равон дар вилояти Суғд ҷамъомади сардорони раёсатҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ-байналмилалии кишварҳои ин созмон доир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, дар ҷаласаи машваратӣ сардорони раёсатҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ-байналмилалии кишварҳои аъзои СҲШ ва ҳайати намояндагони низомии давлатҳои ин созмон, аз ҷумла, ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон, Россия ва Чин ширкат намуданд.

Дар оғози ҷамъомад нахуст нақшаи баргузории ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои СҲШ барои солҳои 2014 ва 2015 баррасӣ шуд. Аз рӯи ин масъалаҳо сардорони раёсатҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ-байналмилалии кишварҳои ин созмон як қатор ҳуҷчатҳоеро, ки барои тасдиқ бо роҳбарони аввали низомии кишварҳои ин созмон пешбинӣ шудааст, муҳокима намуда, лоиҳаи марбут ба баргузории ҷаласаро дар санаи аз 1-ум то 3-юми апрел қабул намуданд.

Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи мазкур, инчунин густариши минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии кишварҳои аъзои созмони мазкур баррасӣ шуда, доир ба масъалаҳои бехатарӣ дар минтақа ва ҷаҳон мубодилаи афкор сурат гирифт. Илова бар ин, вобаста ба омодагӣ ва баргузории машқҳои муштараки зиддитеррористии ситоди-фармондеҳӣ, ки соли 2014 дар ҳудуди Ҷумҳурии Мардумии Чин ба нақша гирифта шудааст, пешниҳодҳои мушаххас баён гардид.

Дар охири ҷаласа сардорони раёсатҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ-байналмилалии кишварҳои аъзои СҲШ ва ҳайати намояндагони низомии кишварҳои ин созмон вобаста ба натиҷаҳои ҷамъомад Ёддошти тафоҳум ва протоколи ҷаласаро ба имзо расониданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.