Роҳи мошингарди Душанбе – Чанак муваққатан баста шуд



Вобаста бо мавҷуд будани хавфи фаромадани тарма бинобар сабаби якбора гарм шудани обуҳаво, роҳи мошингарди Душанбе – Чанак муваққатан баста шуд.

Бино ба маълумоти ширкати IRS, аз 13 то 14-уми март ҳаракати нақлиёт дар қитъаи аз 42 то 100-ум километри роҳ муваққатан қатъ мегардад.

«Чораи мазкур бо мақсади таъмини бехатарии истифодабарандагони роҳ андешида шудааст. Назорат ва иҷроиши фармони мазкур ба БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад», – гуфта мешавад дар хабари филиали ширкат.

Филиали ширати«Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми истифодабарандагони роҳ хоҳиш мекунад, ки муваққатан аз сафар кардан аз қитъаи мазкури роҳи Душанбе-Чанак худдорӣ намоянд.

spot_imgspot_img

Популярное