Миннатдории Матвиенко ба Раҳмон барои дастгирии забони русӣ дар Тоҷикистон

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуда,  Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки «заминаи қарордодию ҳуқуқии муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар бар зиёда аз 240 санад асос […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуда,  Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки «заминаи қарордодию ҳуқуқии муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар бар зиёда аз 240 санад асос ёфтааст».

Гуфтугӯйи судманд доир ба ҳамгироии сиёсӣ, ҳарбию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва дурнамои рушди ҳамгироиҳои фарҳангию гуманитарӣ сурат гирифт.

Валентина Матвиенко иброз дошт, ки «Мо ба ҷониби Тоҷикистон, хусусан ба сарвари он барои дастгирии ҳамаҷонибаи забони русӣ, дасгирии давлатии ҷараёни паҳншавӣ ва истифодаи он изҳори миннатдорӣ менамоем».

Ба нақши форуми байнипарлумонии «Тоҷикистон-Россия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» доир ба ташкил ва густариши робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои алоҳидаи ду кишвар баҳои баланд дода шуд. Таъкид гардид, ки ҳоло қариб 80 минтақаи Русия бо минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон робитаҳои бевоситаи ҳамкорӣ доранд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои рушди бештари ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ имконоти истифоданашуда хеле зиёданд.

Ҳамчунин доир ба авзои минтақа ва ҷаҳон тадолуи назар сурат гирифта, ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба рушди муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Русия таъкид доштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.