Убайдуллоеву Матвиенко аз шарҳи вазъи Украина худдорӣ варзиданд



Зимни нишасти хабарӣ, ки пас аз ҷаласаи навбатии комиссияи байнипарлумонии Тоҷикисону Русия дар қароргоҳи ҳукумат дар пойтахт баргузор шуд, раисони палатаҳои болоии парлумони кишварҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Валентина Матвиенко саволи яке аз журналистон дар бораи шарҳи вазъи дар Украинаро бепосух гузоштанд.

Валентина Матвиенко ҷаласаи барпошудаи комиссияи байнипарлумонии кишварҳоро барои рушди муносибатҳои Маскаву Душанбе муҳим арзёбӣ кард.

«Мо афзоиши ҳаҷми муомилоти молӣ ва ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистону Русияро муҳим шуморида, пешниҳоди Душанбе дар бораи густариши минбаъдаи онҳоро дастгирӣ мекунем», – зикр кард Матвиенко.

Ба андешаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, сафари В.Матвиенко ба Душанбе дар тақвияти муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Русия марҳилаи нав боз мекунад.

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистолн изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкориҳои ҳарду кишвар дар азхудкунии захираҳои энергетикии Тоҷикистон минбаъд таҳким хоҳанд ёфт.


Акс аз радиои «Озодӣ».

spot_imgspot_img

Популярное