Убайдуллоеву Матвиенко аз шарҳи вазъи Украина худдорӣ варзиданд

Зимни нишасти хабарӣ, ки пас аз ҷаласаи навбатии комиссияи байнипарлумонии Тоҷикисону Русия дар қароргоҳи ҳукумат дар пойтахт баргузор шуд, раисони палатаҳои болоии парлумони кишварҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Валентина Матвиенко саволи яке аз журналистон дар бораи шарҳи вазъи дар Украинаро бепосух гузоштанд. Валентина Матвиенко ҷаласаи барпошудаи комиссияи байнипарлумонии кишварҳоро барои рушди муносибатҳои Маскаву Душанбе муҳим арзёбӣ […]

Аваз Юлдошев



Зимни нишасти хабарӣ, ки пас аз ҷаласаи навбатии комиссияи байнипарлумонии Тоҷикисону Русия дар қароргоҳи ҳукумат дар пойтахт баргузор шуд, раисони палатаҳои болоии парлумони кишварҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Валентина Матвиенко саволи яке аз журналистон дар бораи шарҳи вазъи дар Украинаро бепосух гузоштанд.

Валентина Матвиенко ҷаласаи барпошудаи комиссияи байнипарлумонии кишварҳоро барои рушди муносибатҳои Маскаву Душанбе муҳим арзёбӣ кард.

«Мо афзоиши ҳаҷми муомилоти молӣ ва ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистону Русияро муҳим шуморида, пешниҳоди Душанбе дар бораи густариши минбаъдаи онҳоро дастгирӣ мекунем», – зикр кард Матвиенко.

Ба андешаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, сафари В.Матвиенко ба Душанбе дар тақвияти муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Русия марҳилаи нав боз мекунад.

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистолн изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкориҳои ҳарду кишвар дар азхудкунии захираҳои энергетикии Тоҷикистон минбаъд таҳким хоҳанд ёфт.


Акс аз радиои «Озодӣ».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.