– Соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ, ки ба бастаи саҳмияҳои назоратии ҶСП корхонаи муштараки «Тоҷиказот»-и Тоҷикистону Кипр молик аст, уҳдадориҳои молиявиаш дар назди корхонаро пурра иҷро мекунад, – изҳор дошт имрӯз ба ОИ «Азия-Плюс» директори «Тоҷиказот» Тоирхон Ғозиев.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2002 Дмитрий Фирташ ба фонди оинномавии корхона 24 млн. сомонӣ саҳмгузорӣ намуда, ғайр аз ин, дар ҳаҷми боз 20 млн. сомонӣ қарзи иловагӣ ҷудо намудааст. «Ӯ уҳдадориҳои молиявиаш дар назди корхонаро пурра иҷро мекард ва фикр мекунам, ки минбаъд низ ҳамин тавр хоҳад буд», – мутмаин аст директори «Тоҷиказот».
Тоирхон Ғозиев аз шарҳи боздошти Дмирий Фирташ худдорӣ варзидв, танҳо изҳор кард, ки: «Ман вазифаҳои худро ба иҷро мерасонам».
Номбурда хотиррасон намуд, ки шурӯъ аз соли 2008, замони қатъи интимқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон, корхона фаъолият надорад. «Аз замони қатъи фаъолияти корхона то имрӯз барои аз даст надодани кормандони дараҷаҳои муайяни касбӣ 260 нафар дар корхона боқӣ монда, ширкат ҳар моҳ ба онҳо музди меҳнат пардохт мекунад. Дар ҳама гуна ҳолат мо корхонаро бояд дар ҳолати коршоям нигоҳ дорем ва имрӯз корхона коршоям мебошад. Кафолат дода метавонам, ки пас аз барқарор шудани интиқоли газ корхона баъди як моҳ ба тавлиди маҳсулот оғоз хоҳад кард», – афзуд роҳбари корхона.
ҶСП КМ «Тоҷиказот» дар шаҳри Сарбанди водии Вахши вилояти Хатлон воқеъ аст. «Тоҷиказот» ягона корхона дар ҷумҳурӣ мебошад, ки барои бахши кишоварзӣ нуриҳои азотӣ (карбамид) истеҳсол мекунад. Корхона соли 1964 бунёд гардида, майдони умуиии он 121 гектарро ташкил медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл миллиардери маъруфи украинӣ Дмитрий (Дмитро) Фирташ дар Австрия
дастгир шуд.
Ӯ аз тарафи Амрико бо иттиҳоми ришвадиҳӣ ва қасди ҷиноӣ таҳти таъқиб қарор дошт.



