Кумаки Швейтсария ва БАТР баҳри беҳбуди обтаъминкунӣ дар Суғд

Дар Душанбе миёни Тоҷикистон ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар ҶТ доир ба ду лоиҳа – «Барқарорсозӣ ва обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон, марҳилаи-2» ва «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Хуҷанд, марҳилаи-3» созишномаҳои бурсӣ ба тасвиб расиданд. Созишномаҳо дар бораи кумаки молиявиро вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов ва роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Дар Душанбе миёни Тоҷикистон ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар ҶТ доир ба ду лоиҳа – «Барқарорсозӣ ва обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон, марҳилаи-2» ва «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Хуҷанд, марҳилаи-3» созишномаҳои бурсӣ ба тасвиб расиданд.

Созишномаҳо дар бораи кумаки молиявиро вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов ва роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Питер Микули ба имзо расониданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, арзиши умумии лоиҳаҳо 23 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 13,5 млн. $-и он воситаҳои бурсии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар ҶТ ва 9,5 млн. $-и он воситаҳои қарзии Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) мебошанд. Лоиҳаҳо то соли 2016 амалӣ мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз амалисозии лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон, марҳилаи-2» беҳбуди низоми обтаъминкунии шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияҳои Шаҳристону Зафарободи вилояти Суғд аст.

Гуфта мешавад, дар доираи лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Хуҷанд, марҳилаи-3» ба барномаи сармоягузорӣ ҷиҳати беҳбуди вазъи обу корез ва барқарор кардани иншооти обсофкунӣ дар шаҳри Хуҷанд маблағгузорӣ хоҳад шуд.

Дар яке аз гузоришҳои Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки сарфи назар аз фаровон будани захираҳои обӣ, 50%-и аҳолии Тоҷикистон ба оби ошомидании бехатар дастрасӣ надорад. Ин мушкилот ба рушди иқтисод монеъа шуда, ба солимии мардуми кишвар зарар мерасонад. Миёни кишварҳои узви ИДМ сатҳи пасттарини дастрасӣ ба оби нӯшокӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.