Консерти сарояндаи машҳури тоҷик Баҳром Ғафурӣ, ки ба иди Наврӯз бахшида шудааст, рӯзи 22 март дар Маскав баргузор мегардад. Дар ин бора ба интернет-портали
«Русия барои ҳама»
роҳбари медиахолдинги русиягии Tajinfo Гуфрон Ваҳҳобов хабар додааст.
Сафари ҳунарманд, ба қавли ташкилкунандагон, бо наврӯзии Маскав, ки онро ҳамасола ҳукумати пойтахт дар ҳамдастӣ бо сафоратҳо ва халқиятҳое, ки ин ҷашн барояшон анъанавӣ аст, иртиботе надорад.
«Бори аввал нест, ки медиахолдинги мо ситораҳои эстрадаи тоҷикро ба Маскав даъват менамояд. Чанде пеш Шабнами Сурайё ташриф оварда буд. Қарор додем, ки ин дафъа Баҳроми Ғафуриро даъват намоем. Мо консертро махсус дар биное мегузаронем, ки он ҷо барои меҳмонон барои рақсу дилхушӣ ҷои фарох бошад», – гуфтааст Ғуфрон Ваҳҳобов
Консерт дар толори Rock House, ки ғунҷоишаш 700 нафар мебошад, 22 март соати 14.00 баргузор мегардад. Ба қавли ташкилкунандагон, ҷиҳати талаботи зиёд, хоҳишмандон бояд чиптахоро пештар фармоиш диҳанд.
«Ин консертро мо ба хотири яке аз идҳои дӯстдоштаамон – Наврӯз баҳри болидахотирии муҳоҷирони меҳнатиамон баргузор намудем. Бигзор дар ин рӯз онҳо дар иҳотаи дӯстонашон худро дур аз ватан ҳис нанамоянд. Бо вуҷуди ғунҷоиши калон доштани толор, бо боварӣ гуфта метавонем, ки барои иштирок дар консерт бояд пешакӣ хоҳишмандон ғам хӯранд, то ки соҳиби чипта гарданд»,- афзуд роҳбари Tajinfo.
Дар оянда, ба қавли Ваҳҳобов, медиахолдинг тасмим гирифтаст, ки бештар ситораҳои эстрадаи тоҷикро даъват намуда, консерти онҳоро дар дигар манотиқи Русия баргузор кунад.
Қобили зикр аст, ки медиахолдинги Tajinfo соли сипаришуда интернет-радиои «Муҳоҷир»-ро харида, рӯзномаи «Таджики России» («Тоҷикони Русия») ва маҷаллаи «Таджикистан»-ро нашр намуд ва ба ташкили консерти ситораҳои эстрадаи тоҷик машғул мебошад.



