Консерти Баҳром Ғафурӣ дар толори Rock House-и Маскав

Консерти сарояндаи машҳури тоҷик Баҳром Ғафурӣ, ки ба иди Наврӯз бахшида шудааст, рӯзи 22 март дар Маскав баргузор мегардад. Дар ин бора ба интернет-портали «Русия барои ҳама» роҳбари медиахолдинги русиягии Tajinfo Гуфрон Ваҳҳобов хабар додааст. Сафари ҳунарманд, ба қавли ташкилкунандагон, бо наврӯзии Маскав,  ки онро ҳамасола ҳукумати пойтахт дар ҳамдастӣ бо сафоратҳо ва халқиятҳое, ки […]

ASIA-Plus



Консерти сарояндаи машҳури тоҷик Баҳром Ғафурӣ, ки ба иди Наврӯз бахшида шудааст, рӯзи 22 март дар Маскав баргузор мегардад. Дар ин бора ба интернет-портали

«Русия барои ҳама»

роҳбари медиахолдинги русиягии Tajinfo Гуфрон Ваҳҳобов хабар додааст.

Сафари ҳунарманд, ба қавли ташкилкунандагон, бо наврӯзии Маскав,  ки онро ҳамасола ҳукумати пойтахт дар ҳамдастӣ бо сафоратҳо ва халқиятҳое, ки ин ҷашн барояшон анъанавӣ аст, иртиботе надорад.

«Бори аввал нест, ки медиахолдинги мо ситораҳои эстрадаи тоҷикро ба Маскав даъват менамояд. Чанде пеш Шабнами Сурайё ташриф оварда буд. Қарор додем, ки ин дафъа Баҳроми Ғафуриро даъват намоем. Мо консертро махсус дар биное мегузаронем, ки он ҷо барои меҳмонон барои рақсу дилхушӣ ҷои фарох бошад», – гуфтааст Ғуфрон Ваҳҳобов

Консерт дар толори Rock House, ки ғунҷоишаш 700 нафар мебошад, 22 март соати 14.00  баргузор мегардад. Ба қавли ташкилкунандагон, ҷиҳати талаботи зиёд, хоҳишмандон бояд чиптахоро пештар фармоиш диҳанд.

«Ин консертро мо ба хотири яке аз идҳои дӯстдоштаамон – Наврӯз баҳри болидахотирии муҳоҷирони меҳнатиамон баргузор намудем. Бигзор дар ин рӯз онҳо дар иҳотаи  дӯстонашон худро дур аз ватан ҳис нанамоянд. Бо вуҷуди ғунҷоиши калон доштани толор, бо боварӣ гуфта метавонем, ки барои иштирок дар консерт бояд пешакӣ хоҳишмандон ғам хӯранд, то ки соҳиби чипта гарданд»,-  афзуд роҳбари Tajinfo.

Дар оянда, ба қавли Ваҳҳобов, медиахолдинг тасмим гирифтаст, ки бештар ситораҳои эстрадаи тоҷикро даъват намуда, консерти онҳоро дар дигар манотиқи Русия баргузор кунад.

Қобили зикр аст, ки медиахолдинги Tajinfo соли сипаришуда интернет-радиои «Муҳоҷир»-ро харида, рӯзномаи «Таджики России» («Тоҷикони Русия») ва маҷаллаи «Таджикистан»-ро нашр намуд ва ба ташкили консерти ситораҳои эстрадаи тоҷик машғул мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.