Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс


– Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Минск маҷмӯи васеи ҳамкориҳои мутақобилаи кишварҳои узви Иттиҳод дар бахши иқтисод баррасӣ мешаванд;

– Дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноӣ ҳамчун яке аз ҷанбьаҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқи инсон» конфронси илмиву амалӣ доир мегардад. Оғоз соати 08-00;

– Дар Душанбе намоишгоҳи навбатии хайрияи аксҳо бахшида ба ҷамъоварии маблағ барои Зайнаб Маҳмудова баргузор мешавад. Оғоз соати 11-00 дар Китобхонаи миллӣ. Нархи билет – 10 сомонӣ.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.8005

сомонӣ;


1

евро

– 6.5756

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.133


0



сомонӣ.  



Як рӯзи таърих




1942 —

Навбати аввали комбинати бофандагии Душанбе ба истифода дода шуд.


1955

– Боғи ботаникии Ленинобод ба фаъолият оғоз кард.


1994

– Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.


2001

– Бо фармони Президент Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.


2013

— Мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ҳимояи қитъаҳои бештар мушкили марз протоколи муштарак ба имзо расониданд.


1911

– Зодрӯзи шоир Абдусалом Деҳотӣ.


1933

 – Мавлуди Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Лилиан Налоева.


1948

  – Зодрӯзи доктори улуми физика ва математика, профессор, арбоби давлатӣ, президенти АИ ҶТ Мамадшо Илолов.


1957

–Мавлуди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир.


1961

– Зодрӯзи адабиётшинос Музаффари Муҳаммадӣ.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (баъзан шадид), раъду барқ.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +5+10.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, дар куҳҳо борону барф, баъзан раъду барқ.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +2+7.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда,  борони кӯтоҳмуддат, дар куҳҳо борону барф, баъзан раъду барқ.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +2+7.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (дар баландии зиёда аз 2000 метр борону барф).     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона 0-5, рӯзона +4+9;  дар шарқи вилоят шабона -12-17, рӯзона 0-5.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (баъзан борони шадид), раъду барқ.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. 

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +10+12.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ.

 Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +13+15.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.   


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борону барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +5+7.

spot_imgspot_img

Популярное