Қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе: Зокиров ҳамоно дар тавқифгоҳи муваққатӣ мемонад

Додгоҳи шаҳри Душанбе қарори ҳабси думоҳаи Фахриддин Зокиров, ки имрӯз 13-уми март дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ мавриди баррасӣ қарор гирифт, батағйир гузошт. Фахриддин Зокиров яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов аст. Вакили мудофеи Фахриддин Зокиров – Бузургмеҳр Ёровдар дар суҳбат бо Хабаргузории “Азия-Плюс” гуфт, ки қарорҳои Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва шаҳри Душанбе ғайриқонунст. “Аз […]

Мавзуна Абдуллоева



Додгоҳи шаҳри Душанбе қарори ҳабси думоҳаи Фахриддин Зокиров, ки имрӯз 13-уми март дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ мавриди баррасӣ қарор гирифт, батағйир гузошт. Фахриддин Зокиров яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов аст.

Вакили мудофеи Фахриддин Зокиров – Бузургмеҳр Ёровдар дар суҳбат бо Хабаргузории “Азия-Плюс” гуфт, ки қарорҳои Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва шаҳри Душанбе ғайриқонунст. “Аз ҳамин хотир пас аз омӯхтани парванда, аз болои қарори додгоҳи шаҳри Душанбе ба марҳилаи назоратӣ шикоят мебарам”, – гуфт Ёров.

Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров – яке аз се вакилони мудофеи Зайд Саидов, дар рафти суханронӣ Зокиров гуфтааст, ки парвандаи ҷиноятии нисбаташ оғозшуда, бевосита аз парвандаи сиёсии Зайд Саидов сарчашма мегирад ва он ба хотири даст кашидани Зокиров аз ҳимояти Зайд Саидов бофта шудааст.

“Фахриддин Зокиров ҳамчунин аз хизматрасонии ман ва Шухрат Қудратов ба он хотир даст кашид, ки дар ин миён бо сабабҳои мушобеҳ марҳилаи ҳимояти Зайд Саидов халал ворид нагардад”, – гуфт Табаров.

Ёдовар мешавем, ки Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ барои тафтишоти парвандаи Фахриддин Зокиров ӯро барои ду моҳ ҳабс кард. Ӯ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ шоми 6- уми март дар шаҳри Душанбе боздошт гардид. Айни замон Агентии зиддифасод нисбати Фахриддин Зокиров бо моддаи 247 (Қаллобӣ)-и КҶ парванда оғоз кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.