Дар робита ба шарҳи вазъ дар Украина сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит чунин ибрози андеша намуд, ки вақте интихобот зери мили таппонча сурат мегирад, он интихобот нест.
Дар изҳороти рӯзи 14-уми март интишоргардидаи худ вобаста ба рӯйдодҳои ин кишвар сафир мегӯяд: «Бо вуҷуди ин, рӯзи якшанбе ба мардуми Қрим пешниҳод мешавад, ки интихоби ғайриимконро амалӣ созанд: овоздиҳӣ ба ҷонибдории пайвастан ба Русия ё соҳибистиқлолӣ бидуни ҳеҷ кафолати он, ки Русия ба истиқлолияти Қрим дар муқоиса ба эҳтироми гузоштааш нисбати тамомияти арзии Украинаи соҳибистиқлол эҳтироми бештареро қоил мешавад».
Дар идома қайд мешавад, ки сарфи назар аз натиҷаи раъйпурсӣ, он ғайриқонунӣ ва зиддиконститутсиноӣ хоҳад буд ва ба ин ҳеҷ ҷои шакку шубҳае нест. Муқаррароти Конститусияи Украина шарҳу дугона надорад: овоздиҳӣ танҳо бо дархости 3 млн. нафар шаҳрвандон баргузор мегардад; ин бояд раъйпурсии умумиукраинӣ бошад; ва ин раъйпурсӣ метавонад танҳо аз ҷониби парлумони Украина даъват шавад. Ҳеҷ кадоме аз ин шартҳо ба иҷро нарасидаанд.
«Овоздиҳӣ ғайриқонунӣ хоҳад буд. Овоздиҳӣ дигар чӣ гунае ҳам мешавад, агар он дар ҳузури нерӯҳои низомии русиягӣ дар минтақа, ки дар шароити истилои ҳарбӣ қарор доранд, баргузор гардад?», – савол медиҳад сафир.
Сафир зикр мекунад, ки ин масъалаҳо бояд дар шароити раъйпурсии озодона ва мунсифона гузаронида шавад, ки раъйпурсии ахири соли равон дар Шотландия ба он намуна буда метавонад, вале раъйпурсии рӯзи якшанбе дар Қрим на озодонаву на мунсифона аст.
«Тайи ду даҳсолаи ахир мо кӯшиш ба харҷ додем, ки авзоъи ташаннуҷ ва нобоварии ҷанги сардро паси сар гузошта, саҳми бузурги мусбати Русия дар кори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пешрафти тамоми халқҳоямонро эътироф намоем ва шабакаи созишнома ва ниҳодҳои байнулмилалӣ барои он бунёд гардиданд, ки барои пешгирии таҷрибаи мухолифати гузашта кумак расонида шуда, баҳсҳо бо роҳи осишта ҳал шаванд. Созмонҳое чун САҲА ва Шӯрои Аврупо, ки Русия низ қисми ҷудонашавандаи он аст, барои кӯмак ба давлатҳо дар ҳалли масоили худмуайянкунӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои аққалиятҳои миллӣ амал мекунанд, вале САҲА изҳор кард, ки раъйпурсӣ ғайриқонунӣ шуморида шуда, нозиронашро ба он намефиристад», – иброз доштааст сафир.
Гуфта мешавад, барои Русия ҳоло ҳам дер нашудааст, ки аз кумаки ин ниҳодҳо истифода бурда, ба таври ҷиддӣ бо дипломатия машғул шавад, то ки ҳалли мусолиматомези маъаларо дарёбад.
«Мо ба даъвати президент Путин аз истифодаи ваколатҳояш баҳри ободиву некӯаҳволии Қрим, Украина ва Русия ва хотима бахшидан ба ин буҳрон идома медиҳем ва иқдоми аввали Маскав дар ин самт худдорӣ аз қонунӣ гардонидани натиҷаҳои раъйпурсӣ аст, зеро он ҳеҷ ҳукми қонуние надорад. Он ҳеҷ асоси маънавӣ ҳам надорад. Натиҷаҳои ин раъйпурсӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намешаванд. Он набояд гузаронида шавад», – омадааст дар фарҷоми изҳороти сафир.



