Саҳҳоми «Тоҷиказот» Фирташ бо гарави 125 млн. евро озод мешавад

Суди Австрия қарор кард, ки соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ бо гарави 125 млн. евро маблағ озод карда шавад. Дмитрий Фирташ ба бастаи саҳмияҳои назоратии ҶСП КМ «Тоҷиказот» низ соҳиб аст. Бино ба иттилои ВАО, суд ҳамчунин қарор кардааст, ки дар бораи истирдоди соҳибкори дар Вена дастгиршуда парвандаи ҷиноӣ боз гардида, ба ӯ дар ҳаҷми 125 […]

ASIA-Plus



Суди Австрия қарор кард, ки соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ бо гарави 125 млн. евро маблағ озод карда шавад. Дмитрий Фирташ ба бастаи саҳмияҳои назоратии ҶСП КМ «Тоҷиказот» низ соҳиб аст.

Бино ба иттилои ВАО, суд ҳамчунин қарор кардааст, ки дар бораи истирдоди соҳибкори дар Вена дастгиршуда парвандаи ҷиноӣ боз гардида, ба ӯ дар ҳаҷми 125 млн. евро гарав таъин карда шавад. Дар давоми мурофиа тарк кардани қаламрави Австрия ба Фирташ манъ карда шуд.

Гуфта мешавад, Дмитрий Фирташ аз болои ин қарори суд шикоят оварда, онро Суди олии Вена баррасӣ мекунад, вале санаи баррасии он ҳанӯз маълум нест.

Ёдрас мекунем, ки миллиардери маъруфи украинӣ Дмитрий (Дмитро) Фирташ рӯзи 13-уми мрат дар Австрия

дастгир шуд

. Ӯ аз тарафи Амрико бо иттиҳоми ришвадиҳӣ ва қасди ҷиноӣ таҳти таъқиб қарор дошт.

Фирташ, ки сарваташро дар соҳоти мухталифе, чун саноати кимиё, газ, матбуот ва бонкдорӣ ҷамъ овардааст, бо 3,3 миллиард доллар чорумин нафари сарватмандтарини Украина ва як фарди наздик ба Русия маҳсуб мешуд.

Қобили зикр аст, ки ӯ як муддат талош карда буд, то  дар Тоҷикистон низ ҷои по биёбад. Дмитрий Фирташ аз ҷумла корхонаи нуриҳои азотии Вахш – “Тоҷиказот”- дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ва корхонаи дӯзандагии “Гулистон” дар Душанберо хусусӣ гардонда буд. Ӯ бо Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик, ки соли гузшта боздошт ва ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, равобити наздик дошт ва аз ҷумла корхонаи “Гулистон”-ро ба Саидов дод. Аммо ба сурати умум кори Дмитрий Фирташ дар Тоҷикистон чандон омад накард. “Тоҷиказот” ба далели қатъ шудани воридоти гази Ӯзбакистон аз кор монд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.