Иштироки директори АНМН дар ҷаласаи Комиссияи байналмилалии назорати маводи нашъаовар

Рӯзи 14-уми март дар шаҳри Вена сессияи 57-уми Комиссия оид ба маводи нашъаовар баргузор гардид, ки дар кори он Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия И. Насрединов ва Директори Агентии  маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Назаров иштирок намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар суханронии худ Р.Назаров қайд […]

ASIA-Plus



Рӯзи 14-уми март дар шаҳри Вена сессияи 57-уми Комиссия оид ба маводи нашъаовар баргузор гардид, ки дар кори он Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия И. Насрединов ва Директори Агентии  маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Назаров иштирок намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар суханронии худ Р.Назаров қайд намуданд, ки Тоҷикистон ташаббусҳои асоснокро нисбати муқовимат ба муомилоти маводи нашъаовар қатъиян дастгирӣ менамояд.

Сипас Директори Агентӣ диққати ҳозиринро ба ин нуқта равон намуданд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи Миллӣ оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” тасдиқ гардид.  Инчунин диққати махсус ба масъалаи пешгирии қочоқи маводи нашъаовар ва мустаҳкам намудани сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон дода шуд.

Директори Агентӣ қайд намуданд, ки дар чорчӯбаи Барномаи давлатӣ оид ба рушди Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2014 дар якҷоягӣ бо шарикони дигар чораҳои зарурӣ оид ба мустаҳкам намудани иқтидори Қӯшунҳои сарҳадӣ андешида шудаанд. Сохтмони зиёда аз 40 отрядҳо ва дидбонгоҳҳои нав ба итмом расида, сохтмони асосии зиёда аз 90 иншооти инфрасохтори сарҳадӣ ба анҷом расонида шуд.  Инчунин масъалаҳои истеҳсоли маводи нашъаовар дар Афғонистон муҳокима гардиданд.

Қайд гардид, ки барои ҳалли ин масъала маҷмӯи чораҳо зарур аст, ки ба он амалҳои ҳамоҳанги кишварҳои манфиатдор ва ташкилоти бонуфузи баналмиллалӣ бояд дохил шаванд. Диққати асосӣ ба мустаҳкам намудан ва рушди ҳамкории байналмиллалӣ бо Иттиҳоди Аврупо, Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷиноят, Хадамоти Федеролии Россия оид ба назорати маводи нашъаовар, Мудирияти ШМА оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовар равон карда шуд Р. Назаров қайд намуданд, ки соли 2013 Тоҷикистон ба Комиссияи байналмилалӣ оид ба маводи нашъаовар қабул гардид, ки ин худ арзёбии баланди кӯшишҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар аз тарафи созмонҳои байналмиллалӣ мебошад.

Дар хотима Р. Назаров сипоси худро ба кишварҳои маблағгузор ва ташкилотҳои байналмиллалӣ дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба назорат аз болои муомилоти маводи нашъаовар арз намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.