С.Сафаров: Дар муколамаи байни тоҷикон касе аз изҳори андешааш ҳарос надошт



Зимни суханронӣ дар вохӯрии маҳфили «Муколама тамаддунҳо» муовини аввали роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, иштирокчии гуфтушунидҳои миёни тоҷикоон солҳои 1992-1997 Сайфулло Сафаров изҳор намуд, ки дар муколамаи тӯлонии байни тоҷикон касе аз изҳори андешааш ҳарос надошт.

«Дар ин вохӯриҳо натанҳо миёни гурӯҳҳои гуногуни ҷамъиятӣ, балки миёни намояндагони ҳукумат ҳам нобоварӣ ё тарсу ҳаросе ҷой надошт, – гуфт Сафаров зимни сухарониаш дар мавзӯи «Сулҳи тоҷикон ҳамчунин падидаи таърихӣ».

Ба қавли ӯ, «шояд ин ба он рабт дошт, ки ҳама гуфтаҳо ба ёддошт (меморандум) дохил намешуданд ва ба он танҳо хулосаҳои ин вохӯрӣ пешниҳод мегардиданд, ки сипас ба сарпарастони ин гуфтушунидҳо – сарони кишварҳои ИМА ва Русия ирсол мешуданд».

Номбурда зикр кард, ки дар ин вохӯриҳо ҳар кас аз номи худ ҳарф зада, «аз номи гурӯҳ, ислом, ҳизб, давлат сухан намегуфт, ҳама андешаҳои шахсии худро иброз медоштанд, ҳам аз ҷониби мухолифин ва ҳам аз ҷониби ҳукумат».

«Ҷомеаи Тоҷикистон таҷрибаи гуфтушунидро бо ифтихор дар ёд дорад, – гуфт Сафаров. – Имрӯз дар ҷомеаи мо падидаи манфие арзу вуҷуд кардааст, ки нобоварӣ ва эҳтиром нагузоштан ба худ аст. Аз ҷумла ҷавонон, як қисмате аз зиёиён ба худашон шубҳа доранд. Онҳо шубҳа доранд, ба миллати худ бовар надоранд. Ҳатто давлати худро эҳтиром намекунанд. Ман дар бораи ҳукумат намегӯям. Мо дорои давлати миллием, ки ба талаботи миллии мо ҷавобгӯ аст ва агар шумо ба давлат ва миллати худ эҳтиром нагузоред, пас фикр мекунам, шумо худро эҳтиром намекунед. Шумо арзише надоред».

Сафаров мутмаин аст, ки мо бояд давлат ва миллати худро эҳтиром карда, аз он фосилагирӣ накунем, балки «ҳукуматро худӣ гардонем».

«Бешубҳа ҳозир аҳзоби сиёсӣ мепурсанд, ки «Аммо чӣ гуна?» Вақте Шумо барнома ва ақидаҳои дурусти худро пешниҳод мекунед, бо ин мушкилотеро ҳал месозед. Муҳим он нест, ки ақидаи шуморо кӣ амалӣ месозад – ҳукумат ё гурӯҳҳои дигар. Муаллиф хоҳ нохоҳ маълум хоҳад шуд ва аз ҷониби мардум бе мукофот нахоҳад монд. Албатта, касе дарҳол ба шумо мошину хона намеорад, вале подошу эҳтиром фаровон хоҳад буд», – иброз дошт Сафаров.

spot_imgspot_img

Популярное