С.Сафаров: Дар муколамаи байни тоҷикон касе аз изҳори андешааш ҳарос надошт

Зимни суханронӣ дар вохӯрии маҳфили «Муколама тамаддунҳо» муовини аввали роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, иштирокчии гуфтушунидҳои миёни тоҷикоон солҳои 1992-1997 Сайфулло Сафаров изҳор намуд, ки дар муколамаи тӯлонии байни тоҷикон касе аз изҳори андешааш ҳарос надошт. «Дар ин вохӯриҳо натанҳо миёни гурӯҳҳои гуногуни ҷамъиятӣ, балки миёни намояндагони ҳукумат ҳам нобоварӣ ё тарсу ҳаросе […]

Фирӯз Умарзода



Зимни суханронӣ дар вохӯрии маҳфили «Муколама тамаддунҳо» муовини аввали роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, иштирокчии гуфтушунидҳои миёни тоҷикоон солҳои 1992-1997 Сайфулло Сафаров изҳор намуд, ки дар муколамаи тӯлонии байни тоҷикон касе аз изҳори андешааш ҳарос надошт.

«Дар ин вохӯриҳо натанҳо миёни гурӯҳҳои гуногуни ҷамъиятӣ, балки миёни намояндагони ҳукумат ҳам нобоварӣ ё тарсу ҳаросе ҷой надошт, – гуфт Сафаров зимни сухарониаш дар мавзӯи «Сулҳи тоҷикон ҳамчунин падидаи таърихӣ».

Ба қавли ӯ, «шояд ин ба он рабт дошт, ки ҳама гуфтаҳо ба ёддошт (меморандум) дохил намешуданд ва ба он танҳо хулосаҳои ин вохӯрӣ пешниҳод мегардиданд, ки сипас ба сарпарастони ин гуфтушунидҳо – сарони кишварҳои ИМА ва Русия ирсол мешуданд».

Номбурда зикр кард, ки дар ин вохӯриҳо ҳар кас аз номи худ ҳарф зада, «аз номи гурӯҳ, ислом, ҳизб, давлат сухан намегуфт, ҳама андешаҳои шахсии худро иброз медоштанд, ҳам аз ҷониби мухолифин ва ҳам аз ҷониби ҳукумат».

«Ҷомеаи Тоҷикистон таҷрибаи гуфтушунидро бо ифтихор дар ёд дорад, – гуфт Сафаров. – Имрӯз дар ҷомеаи мо падидаи манфие арзу вуҷуд кардааст, ки нобоварӣ ва эҳтиром нагузоштан ба худ аст. Аз ҷумла ҷавонон, як қисмате аз зиёиён ба худашон шубҳа доранд. Онҳо шубҳа доранд, ба миллати худ бовар надоранд. Ҳатто давлати худро эҳтиром намекунанд. Ман дар бораи ҳукумат намегӯям. Мо дорои давлати миллием, ки ба талаботи миллии мо ҷавобгӯ аст ва агар шумо ба давлат ва миллати худ эҳтиром нагузоред, пас фикр мекунам, шумо худро эҳтиром намекунед. Шумо арзише надоред».

Сафаров мутмаин аст, ки мо бояд давлат ва миллати худро эҳтиром карда, аз он фосилагирӣ накунем, балки «ҳукуматро худӣ гардонем».

«Бешубҳа ҳозир аҳзоби сиёсӣ мепурсанд, ки «Аммо чӣ гуна?» Вақте Шумо барнома ва ақидаҳои дурусти худро пешниҳод мекунед, бо ин мушкилотеро ҳал месозед. Муҳим он нест, ки ақидаи шуморо кӣ амалӣ месозад – ҳукумат ё гурӯҳҳои дигар. Муаллиф хоҳ нохоҳ маълум хоҳад шуд ва аз ҷониби мардум бе мукофот нахоҳад монд. Албатта, касе дарҳол ба шумо мошину хона намеорад, вале подошу эҳтиром фаровон хоҳад буд», – иброз дошт Сафаров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.