– Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100), ки дар он интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад, агар маблағҳои ба кишвар воридшуда аз фурӯши он дуздидаву гум нашаванд, бахши энергетикаи Тоҷикистонро аз харобиву муфлисшавӣ наҷот медиҳад, – гуфт дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумон ва энергетики касбӣ Шодӣ Шабдолов.
Ба гуфтаи ӯ, аз оғози кори лоиҳа иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистону Қирғизистон аз истифодаи таҷрибаи ба истилоҳ «партоби холӣ», ки бар асари он миллиардҳо кВт/соат нерӯи барқ талаф меёбад, даст кашида, ҳаҷми зиёдатии онро тибқи тарофаҳои байнулмилалӣ ба кишварҳои ҳамсоя мефурӯшанд.
«Дар марҳилаи аввали лоиҳаи CASA-1000 интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар мавсими тобистон, тахминан аз моҳи май то аввали моҳи ноябр пешбинӣ шудааст, вале замоне фаро мерасад, ки иншоот тамоми сол фаъолият хоҳад кард», – қайд кард ӯ.
Ба андешаи раиси ҲКТ, сохтмони иншооти нави энергетикӣ, ки минбаъд дар Тоҷикистону Қирғизистон бунёд карда мешаванд, ба кори лоиҳаи CASA-1000 муддати тамоми сол мусоидат хоҳанд кард.
«Ғайр аз ин, ман мутмаинам, ки минбаъд ба лоиҳаи CASA-1000 Русия, Қазоқистон, Чин, Эрон ва ҳатто Ӯзбекистон ҳам шомил хоҳанд шуд. Ӯзбекистон маҷбур мешавад, ки аз чунин иқдом кор гирад, зеро ин лоиҳа ба ҳукмронии онҳо дар нархгузорӣ дар бозори энергетикии минтақа хотима бахшида, онҳо маҷбур хоҳанд шуд, ки барқро бо нархҳои мувофиқашуда фурӯшанд», – афзуд Шабдолов.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Шӯрои мудирони гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) маблағгузорӣ дар ҳаҷми
526,5 млн. доллари ИМА
дар шакли бурсҳову қарз барои Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100)-ро маъқул шуморид.



