Шабдолов: Лоиҳаи CASA-1000 энергетикаи Тоҷикистонро аз муфлисшавӣ наҷот медиҳад

– Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100), ки дар он интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад, агар маблағҳои ба кишвар воридшуда аз фурӯши он дуздидаву гум нашаванд, бахши энергетикаи Тоҷикистонро аз харобиву муфлисшавӣ наҷот медиҳад, – гуфт дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲКТ, […]

Аваз Юлдошев



– Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100), ки дар он интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад, агар маблағҳои ба кишвар воридшуда аз фурӯши он дуздидаву гум нашаванд, бахши энергетикаи Тоҷикистонро аз харобиву муфлисшавӣ наҷот медиҳад, – гуфт дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумон ва энергетики касбӣ Шодӣ Шабдолов.

Ба гуфтаи ӯ, аз оғози кори лоиҳа иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистону Қирғизистон аз истифодаи таҷрибаи ба истилоҳ «партоби холӣ», ки бар асари он миллиардҳо кВт/соат нерӯи барқ талаф меёбад,  даст кашида, ҳаҷми зиёдатии онро тибқи тарофаҳои байнулмилалӣ ба кишварҳои ҳамсоя мефурӯшанд.

«Дар марҳилаи аввали лоиҳаи CASA-1000 интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар мавсими тобистон, тахминан аз моҳи май то аввали моҳи ноябр пешбинӣ шудааст, вале замоне фаро мерасад, ки иншоот тамоми сол фаъолият хоҳад кард», – қайд кард ӯ.

Ба андешаи раиси ҲКТ, сохтмони иншооти нави энергетикӣ, ки минбаъд дар Тоҷикистону Қирғизистон бунёд карда мешаванд, ба кори лоиҳаи CASA-1000 муддати тамоми сол мусоидат хоҳанд кард.

«Ғайр аз ин, ман мутмаинам, ки минбаъд ба лоиҳаи CASA-1000 Русия, Қазоқистон, Чин, Эрон ва ҳатто Ӯзбекистон ҳам шомил хоҳанд шуд. Ӯзбекистон маҷбур мешавад, ки аз чунин иқдом кор гирад, зеро ин лоиҳа ба ҳукмронии онҳо дар нархгузорӣ дар бозори энергетикии минтақа хотима бахшида, онҳо маҷбур хоҳанд шуд, ки барқро бо нархҳои мувофиқашуда фурӯшанд», – афзуд Шабдолов.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Шӯрои мудирони гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) маблағгузорӣ дар ҳаҷми

526,5 млн. доллари ИМА

дар шакли бурсҳову қарз барои Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100)-ро маъқул шуморид. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.