Як қатор амалиёти муваффақонаи кормандони АНМН



Тайи ҳафтаи ахир кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ як қатор амалиёти муваффақона анҷом дода, шахсони машғул ба хариду фурӯши маводи нашъаоварро боздошт ва аз муомилоти ғайриқонунӣ маводи мухаддири героин, ҳашиш ва силоҳро мусодира намуданд.

Сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ Хушунуд Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни баргузории амалиёти тарҳрезишуда дар ноҳияи Ҷомӣ ва шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон 5 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт ва аз онҳо бастаҳои дорои маводи мухаддири барои фурӯш тайёр мусодира шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар шаҳри Душанбе низ як нашъаҷаллоб бо маводи мухаддири ҳашиш боздошт шудааст, ки қаблан низ бо ҳамин ҷурм маҳкум шудааст.

Номбурда изҳор кард, ки амалиёти сеюм дар қаламрави ноҳияи Мурғоби ВМКБ гузаронида шуда, дар ҷараёни он кормандони Раёсати Агентӣ дар ин вилоят дар як пинҳонгоҳ аслиҳа (карабин) дарёфт кардаанд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноӣ бозшуда, ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани афроди дигари дар ин ҷиноятҳо дастдошта чораҷӯӣ мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное