Як қатор амалиёти муваффақонаи кормандони АНМН

Тайи ҳафтаи ахир кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ як қатор амалиёти муваффақона анҷом дода, шахсони машғул ба хариду фурӯши маводи нашъаоварро боздошт ва аз муомилоти ғайриқонунӣ маводи мухаддири героин, ҳашиш ва силоҳро мусодира намуданд. Сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ Хушунуд Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни […]

Аваз Юлдошев



Тайи ҳафтаи ахир кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ як қатор амалиёти муваффақона анҷом дода, шахсони машғул ба хариду фурӯши маводи нашъаоварро боздошт ва аз муомилоти ғайриқонунӣ маводи мухаддири героин, ҳашиш ва силоҳро мусодира намуданд.

Сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ Хушунуд Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни баргузории амалиёти тарҳрезишуда дар ноҳияи Ҷомӣ ва шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон 5 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт ва аз онҳо бастаҳои дорои маводи мухаддири барои фурӯш тайёр мусодира шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар шаҳри Душанбе низ як нашъаҷаллоб бо маводи мухаддири ҳашиш боздошт шудааст, ки қаблан низ бо ҳамин ҷурм маҳкум шудааст.

Номбурда изҳор кард, ки амалиёти сеюм дар қаламрави ноҳияи Мурғоби ВМКБ гузаронида шуда, дар ҷараёни он кормандони Раёсати Агентӣ дар ин вилоят дар як пинҳонгоҳ аслиҳа (карабин) дарёфт кардаанд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноӣ бозшуда, ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани афроди дигари дар ин ҷиноятҳо дастдошта чораҷӯӣ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.