Намояндагони ҳукумат ва фаъолони ноҳияи Файзобод маълумот дар бораи уҳдадор кардани сокинони маҳаллӣ ҷиҳати аз ҳисоби худ маблағ супурдан барои ташрифи президенти мамлакат (10-уми апрел) ба ноҳия ва гӯё зарур будани ин воситаҳо барои ободу зебо кардани қисмати марказии ноҳияро қотеъона рад мекунанд.
Пас аз нашри ин маълумот имрӯз, 31-уми март ба идораи ОИ «Азия-Плюс» беш аз 50 нафар – вакилони маҷлиси маҳаллӣ ва ҳамчунин намоянлдагони ҳукумат, ходимони дин ва фаъолони ин ноҳия ташриф оварданд.
«Ҳамаи шахсони ба ин ҷо омада аз он барошуфтаанд, ки аз ҷониби шумо маълумоти носаҳеҳ ба нашр расидааст, ки асоси воқеӣ надорад. Маълумоте, ки гӯё қабл аз ташрифи президент аз одамон маблағ ҷамъоварӣ мекунанд, то ки биноҳои қисмати марказиии ноҳияро сафеду зебо созанд, ҳеҷ пояе надорад», – гуфт роҳбари дастгоҳи раиси ҳукумати ноҳия, вакили маҷлиси маҳаллӣ Сафарбек Нурзода.
«Ҳамчунин дар маълумот сухан сари он меравад, ки гӯё ҳукуматдорони ноҳия аҳолиро огоҳ кардаанд, ки онҳо ба президент саволҳои номақбул надиҳанд. Чунин ҳолат набуд ва минбаъд низ ҷой нахоҳад дошт. Ғайр аз ин, ҳоло маълум нест, ки президент бо аҳолӣ мулоқот мекунад ё на. Ҳамаи ин дурӯғ аст. Дар ноҳия ҳеҷ гоҳ ба касе дар бораи суханрониву пешниҳод ва саволдиҳиаш дастур надодаанд», – иброз дошт ӯ дар идома.
Намояндагони барошуфтаи ноҳия бар ин назаранд, ки чунин маълумоти носаҳеҳ ба шаъну эътибори ноҳияи онҳо латма ворид мекунад. «Мо чунин мешуморем, ки бо нашри ин хабар аҳолии 93-ҳазор нафараи ноҳияи Файзобод мавриди таҳқир қарор гирифтааст», – афзуд Сафарбек Нурзода.
Субҳи имрӯз сокинони ноҳияи Файзобод ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки намояндагони ҳукумати ноҳия хона ба хона гашта, аз ҳар як оила 50 сомонигӣ маблағ талаб мекунанд, то ки биноҳои қисмати марказиии ноҳияро сафеду зебо созанд.



