Сабти расмии 11,5 ҳазор нафар бекорон дар Суғд

Дар вилояти Суғд расман 1,5 ҳазор нафар бекорон ба қайд гирифта шудаанд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Сарраёсати Агентии омори назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, шумори бекороне, ки дар хадамоти шуғли Агентии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд ба қайд гирифта шудаанд, ба ахири моҳи январи соли ҷорӣ 11,5 ҳазор нафарро ташкил […]

Мавлуда Рафиева



Дар вилояти Суғд расман 1,5 ҳазор нафар бекорон ба қайд гирифта шудаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Сарраёсати Агентии омори назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, шумори бекороне, ки дар хадамоти шуғли Агентии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд ба қайд гирифта шудаанд, ба ахири моҳи январи соли ҷорӣ 11,5 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Дар муқоиса бо моҳи декабри соли 2013 ин нишондиҳанда ба андозаи 0,6% зиёдтар мебошад. Аз ин шумори бекорон занон – 45,6% (5,2 ҳазор нафар) ва мардони синнусоли то 29-сола – 66,7% (7,6 ҳазор нафар)-ро ташкил додаанд. 

Сабти бекории расман сабтшуда 1,4% аз аҳолии аз нигоҳи иқтисодӣ фаъолро ташкил додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.