СҲИ хостори таҳкими ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст



Ахири ҳафтаи гузашта дар Ҷидда мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) Иёд ибн Амин ал-Маданӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, мусоҳибон роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони мазкур ва масъалаҳои дигари байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта мешавад, Дабири кулл нақши Тоҷикистонро дар тавсеаи фаъолиятҳои Созмон сутуда, изҳор намуд, ки Созмон хостори таҳкими  ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар асоси Барномаи амал мебошад.

spot_imgspot_img

Популярное