Оғози ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи СҲШ дар Қайроққум

Имрӯз дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ҷаласаи серӯзаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор оғоз мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҶТ хабар доданд, ҳайати давлатҳои Русия, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистонро дар ин ҷаласа мутаносибан вазирони мудофиаи ин кишварҳо – Сергей Шойгу, Чан Вансюан, Адилбек Ҷаксибеков ва Талайбек Омуралиев ва […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ҷаласаи серӯзаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор оғоз мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҶТ хабар доданд, ҳайати давлатҳои Русия, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистонро дар ин ҷаласа мутаносибан вазирони мудофиаи ин кишварҳо – Сергей Шойгу, Чан Вансюан, Адилбек Ҷаксибеков ва Талайбек Омуралиев ва танҳо ҳайати Ӯзбекистонро муовини аввали вазири мудофиаи ин кишвар, сардори Ситоди муттаҳидаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон Баҳодур Тошматов намояндагӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷаласа таҳти раёсати вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо баррасии масоили марбут ба ҳамкориҳои вазоратҳои мудофиаи кишварҳо дар бахши кумакҳои низомиву техникӣ ва баргузории тамринҳои низомии зиддитеррористии муштарак соли 2014 дар Чин дар назар аст.

Зимнан зикр гардид, ки иштирокдорони ҷаласа ба масъалаи ҳамкориии мутақобила дар самти мубориза бо терроризм ва паҳншавии маводи мухаддир таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.