Қабули қонун «Дар бораи адабиёти таълимӣ» дар Тоҷикистон



Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз 14 – уми апрел таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» – ро муҳокима карданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, лоиҳаи қонуни мазкурро Раиси кумитаи Мачлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфулло Саидмуродов баррасӣ намуд.

Мавсуф иброз намуд, ки ҳадафи асосии таҳияи лоиҳаи баррасишаванда ин аз танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти таҳия, экспертиза, нашр ва таъмину дастрасии адабиёти таълимӣ ва афзун намудани талабот нисбат ба сатҳи мазмуну муҳтавои адабиёти таълимие, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, иборат мебошад.

Гурӯҳи корӣ лоиҳаи Қонунро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, онро бо дарназардошти хулоса ва таклифу пешниходоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дод. Дар натиҷа ба лоиҳаи Қонун тағйиру иловаҳо оид ба масъалаҳои вобаста ба адабиёти таълимӣ, аз ҷумла талабот оид ба гузаронидани экспертизаи касбӣ ва ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ ва низоми тасдиқи сифати он бо мақсади дар бар гирифтани маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи таҳия, нашр, экспертиза ва дастрасии адабиёти таълимӣ ворид гардиданд.

Лоиҳаи Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ талаб намекунад.

Дар Шӯро, ҳамчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оид ба Протоколи факултативии Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба такмили лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва «Дар бораи дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор», Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати Комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар хусуси Шартномаи Сингапур дар бораи қонунҳои тамғаи молӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

spot_imgspot_img

Популярное