Пешгирии ҳодисаҳои нашъаҷаллобӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук

Ҳафтаи гузашта дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсуси фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони раёсати муборизаи бар зидди қочоқи Хадамоти гумрук се далели фурӯш, нигаҳдошт ва интиқоли ғайриқонунии маводҳои нашъадор ошкор карда шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, сокини деҳаи катдараи ноҳияи Ҳамадонӣ, Қурбонов Худойдоди 30 сола 8-уми апрел дар ноҳияи мазкур дастгир […]

ASIA-Plus



Ҳафтаи гузашта дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсуси фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони раёсати муборизаи бар зидди қочоқи Хадамоти гумрук се далели фурӯш, нигаҳдошт ва интиқоли ғайриқонунии маводҳои нашъадор ошкор карда шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, сокини деҳаи катдараи ноҳияи Ҳамадонӣ, Қурбонов Худойдоди 30 сола 8-уми апрел дар ноҳияи мазкур дастгир карда шуд, ки ҳангоми боздошт аз ӯ 8 адад бастаҳои маводи навъи ҳашиш дарёфт карда шуд. Бо бурдани тафтишоти пешакии кормандони фаврии раёсати мазкур муайян намуданд, ки номбурда на танҳо ба фурӯш балки ба нигоҳдошти ғайриқонунии маводҳои нашъдор даст доштааст. Ҳангоми кофтукови хонаи истиқоматии Қурбонов Худойдод бошад, аз даруни нақлиёти куҳнаи партофташуда боз 12 бастаи дигар ёфт ва мусодира карда шуд.

Чуноне, ки худи гумонбаршуда мегӯяд, маводҳои мазкурро аз як нафар дусти афғониаш бо мақсади фурӯхтан гирифтааст.

Дастгиршуда бо мақсади амали намудани кирдорҳои ношоистааш маводҳоро пинҳон намуда дар ҷустуҷӯи харидор мешавад. Баъдан ба маблағи ду ҳазор сомонӣ ду маротиба як қисми маводи нашъадорро фурӯхта бо харидор маслиҳат менамояд, ки бар ивази автомашинаи тамғаи опел маводҳои боқимондаро дода боз аз дусти афғонаш навъи боз ҳам хубтари чарсро дастрас менамояд.

Дар фурудгоҳи шаҳри Кулоб бошад, сокини шаҳри Кулоби вилояти Хатлон Маҳмадалии Маҳмадулло соли тавллудаш 1989 ҳангоми гузаштан аз қайд ва назорати гумруки зери шубҳаи кормандони гумрук қарор гирифт. Ҳангоми муоинаи шахсии шаҳрванд бошад аз дохили либоси тагпӯши ӯ зиёда аз 600 грам маводи нашъадори навъи ҳашиш ёфт мегардад.

Нисбати далелҳои номбурда тафтишот идома дошта парвандаи ҷиноятӣ бо дастрасии моддаҳои 200 ва 289-и КҶ ҶТ оғоз карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.