Харҷи беш аз 30 млн. $ дар сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар семоҳаи аввал



Дар семоҳаи аввали соли равон дар идомаи сохтмон ва таҷдиди нерӯгоҳи «Роғун ҳудуди 150 сомонӣ (беш аз 30 млн. $) маблағ азхуд шудааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ин ҳаҷми азхудкунии маблағҳо дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб ду маротиба зиёдтар аст. Давоми моҳҳои январ-марти соли 2013 барои идомаи сохтмон ва таҷдиди нерӯгоҳи «Роғун» ҳамагӣ 78 млн. сомонӣ маблағ масраф гардида буд.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҶТ, нимаи аввали соли ҷорӣ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» беш аз 300 млн. сомонӣ маблағ равона мегардад, ки нимаи аввали соли гузашта низ тақрибан ҳамин қадар маблағ ҷудо гардида буд.

Қаблан вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов ба рӯзноманигорон изҳор карда буд, ки нимаи дуюми соли 2013 барои роҳандозии корҳои барқароркунӣ дар ин нерӯгоҳ ҷудо кардани 356 млн. сомонӣ воситаҳои буҷетӣ пешбинӣ шуда буд, аммо бинобар сабаби тавофуқот бо Бонки ҷаҳонӣ, корҳои барқароркунӣ дар иншооти мазкур мутаваққиф шуда, мутаносибан воситаҳои пешбинишуда азхуд карда нашуданд.

Қурбонов зикр карда буд, ки корҳои барқароркунӣ дар нерӯгоҳи «Роғун» аввали соли 2014 дубора шурӯъ шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное