Боздиди Раҳмон аз сохтмони гармхонаи сабзавотпарварӣ дар Ваҳдат

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ, ки авҷи тоза пайдо намудаанд ва дидору суҳбатҳо бо мардум ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди корӣ бо шиносоӣ бо рафти сохтмон ва роҳандозии кори гармхонаи сабзавотпарварӣ, ки дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ, ки авҷи тоза пайдо намудаанд ва дидору суҳбатҳо бо мардум ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди корӣ бо шиносоӣ бо рафти сохтмон ва роҳандозии кори гармхонаи сабзавотпарварӣ, ки дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ аз ҶДММ Голден Груп дар масоҳати 6 гектар бунёд меёбад, оғоз ёфт. Аз иттилои роҳбари ин ширкати ватанӣ Қутбиддин Хайров бармеояд, ки ҳоло дар масоҳати ним гектар гармхона бо технологияи навтарини замони муосир сохта шуда, дар он навниҳолҳои помидор шинонда шудааст. Дар ним гектари дигар сохтмону омодасозии гармхонаи дуюм идома дорад. Як соли оянда ҳамин гуна гармхонаҳо дар масоҳати 6 гектар бояд сохта ба кор дароварда шаванд.

Тавре зикр гардид, дар ҳар гектари гармхона то 60 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд, зеро дар ин ҷо натанҳо деҳқонону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, балки кормандони муҳандисӣ техникӣ низ ба кор ҷалб карда мешаванд. Дар 6 гектар наздики 360 нафар бо кор ва маоши 1000 сомонӣ таъмин мегарданд.

Дар гармхонаҳо тавассути шабакаи мустақили гармидиҳӣ ва салқинсозӣ дар чор фасли сол гармии аз 18 то 30 дараҷа нигоҳ дошта мешавад, то ки сабзавот бенуқсон ва хушлаззат шавад.

6 гектар гармхона бо харҷи қариб 30 миллион сомонӣ маблағҳои худи соҳибкорон бунёд меёбад. Ғайр аз ин, гармхона бо истифодаи фаровон аз нерӯи барқ ва гармии буғхонаи худӣ гарм ё салқин карда мешавад ва бо вуҷуди ин фоидаовар хоҳад буд, зеро аз ҳар гектари он аз ду гардиш дар як сол то 320 тонна помидор ва аз 3-4 гардиш то 180-240 тонна бодиринг истеҳсол карда мешавад. Маҳсулоти ин гармхонаҳо асосан аз моҳи ноябр то охирҳои моҳи май ба бозор пешниҳод мешавад, яъне дар мавсими камчинӣ ва қиматии сабзавоти тару тоза. Тавре иттилоъ доданд, давоми ду сол хароҷоти сохтмон ва таҷҳизоти гармхона пурра бармегардад ва минбаъд он танҳо ба фоида кор хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.