Интиқоли нерӯи барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки дар онҳо муддати аллакай ним сол реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ аст, тадриҷан муддати тамоми шабонарӯз сурат мегирад. Аммо лимити истифодаи барқи ҳанӯз аз моҳи октябри соли гузашта дар минтақаҳо ҷоришуда расман бекор нашудааст.
Ширкати «Барқи тоҷик» ин ҳолатро чунин шарҳ медиҳад, ки то ҳол хатари номусоид омадани обуҳаво ҷой дорад, ки ба расман бекор эълон шудани лимити истифодаи барқ имкон намедиҳад.
«Обуҳавошиносон моҳи апрел ҳароратро 2-3 дарҷа пасттар аз меъёр пешгӯи мекунанд, ки бешубҳа ба маҷрои дарёи Вахш таъсир мерасонад. Имрӯз сатҳи маҷрои дарёи Вахш 40-50% пасттар аз нишондиҳандаи миёнаи солона аст ва ин маънои онро дорад, ки ҳангоми бад шудани ин нишондиҳандаҳо, маҳдудият ҷой хоҳад дошт», – шарҳ доданд дар ширкат.
Аввали баҳор – аз 1 то 11-уми март ва ҳамчунин рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз интиқоли пурраи барқ ба минтақаҳо барқарор шуда буд, лекин бинобар сабаби коҳиш ёфтани маҷрои дарёи Вахш ва барфрезии шадид, ки ба истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳи бузургтарини кишвар – «Норак» таъсир расонид, маҳдудиятҳо боз ҷорӣ шуданд ва то рӯзҳои истироҳати гузашта амал мекарданд.
Қобили зикр аст, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ба ҷуз шаҳри Душанбе ва марказҳои маъмурии вилоятҳо, дигар ба ҳамаи аҳолии минтақаҳои кишвар дахл дорад.



