Танҳо ду пешниҳоди ҲНИТ оид ба тағйирот дар қонуни интихобот пазируфта шуд

Кумитаи парлумон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон танҳо ду пешниҳоди вакилони палатаи поёнии парлумон аз ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ оид ба ворид намудани тағйироту илова ба қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон»-ро пазируфт. Аз дафтари кории ҲНИТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳукумат ва кумитаҳои парлумон […]

Меҳрангез Турсунзода



Кумитаи парлумон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон танҳо ду пешниҳоди вакилони палатаи поёнии парлумон аз ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ оид ба ворид намудани

тағйироту илова

ба қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон»-ро пазируфт.

Аз дафтари кории ҲНИТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳукумат ва кумитаҳои парлумон аз ҳашт пешниҳоди вакилон аз ҲНИТ танҳо дутояшро дастгирӣ кардаанд. «Ин ҳам бошад, баргардонидани гаравпулии интихоботӣ ба номзадҳо ба мансаби президентӣ дар сурати ба даст овардани 10%-и раъйи интихобкунандагон ва пур кардани протоколҳо бо қаламҳои ранга, – гуфтанд дар ҲНИТ. – Аммо дигар бандҳоро кумитаҳо дастгирӣ накарданд ва пешниҳодҳои асосии лоиҳа баргардонида шуданд».

Дар ҳизби мазкур бар ин назаранд, ки яке аз бандҳои асосии пешниҳодҳои ҲНИТ аз шомил гардидани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба ҳайати комиссияҳои интихоботии қитъавӣ, ба муҳоҷирон додани ҳуқуқи иштирок дар интихобот ба сифати номзад ва ҳамчунин «имкон додан ба нозирони маҳаллӣ ҷиҳати гирифтани нусхаҳои шумори овозҳо» иборат буд.

Қабл аз ба баррасии иҷлосияи Маҷлиси намояндагон гузоштани ин баҳс Муҳиддин Кабирӣ пешниҳод намуд, ки дар робита ба ин масъала бо иштироки намояндагони ҳукумат, аҳзоби сиёсӣ, вакилон, коршиносон ва рӯзноманигорон мизи гирд гузаронида шавад, то ки «андешаҳои тамоми ҷомеаи оид ба ин масъала баён карда шаванд».

Ёдрас мекунем, ки яке аз муаллифони лоиҳаи тағйироту илова, муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ қаблан дар ин робита изҳор намуда буд, ки тағйироту илова дар навбати аввал ба демократикунони ҷараёни интиххобот ва таъмини шаффофияти он нигаронида шудаанд.

Тайи солҳои 2012 2013 намояндагони ҲНИТ дар парлумон

чандин маротиба

ворид намудани тағйироту илова ба қонуни конститусионии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи президент»-ро пешниҳод карданд, вале онҳо аз ҷониби вакилон дастгирӣ наёфтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.