Аз адвокатҳои Зайд Саидов хомӯшӣ нисбати ҷузъиёти ҳукмро тақозо доранд

Суди кассатсионӣ қарори суд оид ба парвандаи Зайд Саидовро ба адвокатҳо танҳо бо шарти ифшо накардани тафсилоти он доданист. Бо ин тасмими худ суди кассатсионӣ судяи Суди олӣ Шавкат Абдулхайровро дастгирӣ намуд, ки ӯ низ ифшо накардани ҷузъиёти қарори судро талаб карда буд. Адвокати соҳибкор Шуҳрат Қудратов ба журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки […]

ASIA-Plus



Суди кассатсионӣ қарори суд оид ба парвандаи Зайд Саидовро ба адвокатҳо танҳо бо шарти ифшо накардани тафсилоти он доданист. Бо ин тасмими худ суди кассатсионӣ судяи Суди олӣ Шавкат Абдулхайровро дастгирӣ намуд, ки ӯ низ ифшо накардани ҷузъиёти қарори судро талаб карда буд.

Адвокати соҳибкор Шуҳрат Қудратов ба журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки субҳ дар ҷаласа судя гуфтааст, ки соати сеи ҳамин рӯз бо додани ҳукм ба ҷониби ҳимоя омода аст, вале танҳо бо шарти ифшо нагардидани ҷузъиёти ҳукми суд. «Мо бояд зери ин шарт имзо гузорем ва агар дар матбуот чизе дар ин бора ба нашр расад, пас нисбати мо – се нафар адвокатҳо парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд», – иброз дошт ӯ ва зикр кард, ки айни замон онҳо дар ин хусус машварат мекунанд.

Ба қавли Қудратов, шикояти кассатсионӣ ба Суди олӣ ҷиҳати бекор кардани ҳукми пешина нисбати Зайд Саидов пас аз як ҳафта баррасӣ мешавад.

Адвокат ҳамчунин зикр кард, ки соҳибкор худро хуб ҳис мекунад, вале «баъзан аз дарди меъда азият мекашад».

Санаи 25-уми декабри соли 2013 соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба муҳлати 26 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Зайд Саидов аз рӯйи панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – 138 (Таҷовуз ба номус), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 139 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) гунаҳкор дониста шуд. Аз рӯи дигар моддаҳои пешниҳодшуда суд ҷиҳати тафтишоти дубора таъинот содир намуд, зеро тибқи ин моддаҳо айби Саидов собит карда нашуд.

Мурофиаи судӣ нисбат ба Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои баста дар бинои тавқифгоҳи тафтишотии (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дошт.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз ваколатҳои мансабӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ айбнома пешниҳод кард.

Қаблан Зайд Саидов чандин маротиба изҳор карда буд, ки таъқиби ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, ба нияти ӯ оид ба таъсиси ҳизби мухолиф марбут аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.