Махфират Хидирова аз макони офати табиӣ боздид мекунад

Вохӯрии имрӯз таъиншудаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Махфират Хидирова бо фаъолзанони Кӯлоб ба рӯзи чоршанбе мавқуф гузошта шуд, зеро раиси Кумита ҳамроҳ бо комисиияи вилоятӣ ба макони офати табиӣ – деҳаи Одинабойи ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод раҳсипор шуд. Дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» Махфиарт Хидирова изҳор намуд, ки айни […]

Турко Дикаев



Вохӯрии имрӯз таъиншудаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Махфират Хидирова бо фаъолзанони Кӯлоб ба рӯзи чоршанбе мавқуф гузошта шуд, зеро раиси Кумита ҳамроҳ бо комисиияи вилоятӣ ба макони офати табиӣ – деҳаи Одинабойи ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод раҳсипор шуд.

Дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» Махфиарт Хидирова изҳор намуд, ки айни замон дастгирии мардум ва изҳори тасаллият ба онҳову дар ҷойи ҳодиса муайян кардани кумаки аввалия муҳимтар аст, то ки онҳо худро яккаву танҳо ҳис накунанд. «Мо баҳри кумак ба кӯдакон кӯшиш мекунем ва воҳидҳои дахлдори кумита аллакай ба ҷамъоварии сарулибоси кӯдакона оғоз намуданд», – иброз дошт ӯ ва илова кард, ки тамоми масъалаҳои эҳтиёҷоти осебдидагон аз таваҷҷуҳи Кумита дур нахоҳанд монд.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз дар Кӯлоб ҷамъоварии кумак ба осебдидагони ноҳияҳои Шӯрообод, Восеъ ва Кӯлоб оғоз гардид. Ҳайати кормандони қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар Кӯлоб – 4620 сомонӣ, дастгоҳи муассисаҳои фарҳанги минтақа – 2 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ намуда, дигар корхонаву муассисаҳо ҳам дасти ёрӣ дароз карданд.

Ёдрас мекунем, ки шаби 12 ба 13 апрели соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон борони сел ва жола борида, дар натиҷа дар деҳаи Одинабойи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯробод қисми теппа лағжида, деҳаи мазкурро пахш намуд, ки дар натиҷа як қисми хонаҳои истиқоматӣ зери лой монда, хароб гардиданд.

Лағжиши теппа ба ҳалокати 13 нафар аъзои як оила боис гардид, ки манзили зисти онҳо зери лойқа монд. Дар деҳаи Чордараи ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ низ духтарчаи 6-сола Муҳаррама Раҳмоналӣ низ зери девори панҷараи селшуста монда, ба ҳалокат расид. Даҳҳо манзили зист пурра харлб гардида, садҳо хонаҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.