Аз оғози сол билетҳои ҳавопаймоӣ қариб ду баробар гарон шуданд

Дар зарфи се моҳи соли равон нархҳо ба маҳсулоти ғизоӣ (бо шумули машрубот) дар Тоҷикистон 1,6% боло рафтанд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар семоҳаи аввал нархи карам – 74%, пиёз – 57%, сабзӣ – 18%, картошка – 17%, себ – 12%, гӯшти гӯсфанд – 2,1%, гӯшти гов – 1,6% ва биринҷ […]

ASIA-Plus



Дар зарфи се моҳи соли равон нархҳо ба маҳсулоти ғизоӣ (бо шумули машрубот) дар Тоҷикистон 1,6% боло рафтанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар семоҳаи аввал нархи карам – 74%, пиёз – 57%, сабзӣ – 18%, картошка – 17%, себ – 12%, гӯшти гӯсфанд – 2,1%, гӯшти гов – 1,6% ва биринҷ – 0,6% афзуд.

Ба иттилои манбаъ, давоми моҳҳои январ-марти соли равон нархҳо ба маҳсулоти ғайриғизоӣ дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, нархи бензин – 9,6% ва семент – 0,6% коҳиш ёфт. Дар ҳамин ҳол, арзиши як қатор маҳсулот боло рафт.

Гуфта мешавад, дар семоҳаи аввал нарх ва тарофаҳо ба хизматгузориҳои пулакӣ ба аҳолӣ ба андозаи 8,2% зиёд шуданд. Аз ҷумла, арзиши билетҳои ҳавопаймоӣ – 95%, хизматгузориҳои ҳаммом – 11%, обтаъминкунӣ – 8,2%, сартарошхонаҳо – 8,1% ва арзиши билетҳои роҳи оҳан – қариб 8% боло рафтанд.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 2,4%-ро ташкил дод. Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли равонро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад.

Дар ҳамин ҳол, сатҳи таварруми соли гузашта дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.