Боздошти роҳбари бахши ҲНИТ дар ВМКБ

Роҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Саодатшо Адолатов ба гумони барангехтани кинаю адовати динӣ боздошт шуд. Дар иттилоияи расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки нисбати Саодатшо Адолатов мутобиқи моддаи 189-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Барангехтани кинаву адовати динӣ, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати […]

ASIA-Plus



Роҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Саодатшо Адолатов ба гумони барангехтани кинаю адовати динӣ боздошт шуд.

Дар иттилоияи расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки нисбати Саодатшо Адолатов мутобиқи моддаи 189-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Барангехтани кинаву адовати динӣ, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиши пешакӣ ҷараён дорад.

Саодатшо Адолатови 40-сола рӯзи 14-уми апрел дар ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ аз ҷониби кормадони КДАМ ба гумони даст доштан дар барагехтани адовати динӣ миёни ҳамдеҳагонаш боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, номбурда чандин маротиба ба таври оммавӣ ба таҳқири сокинони маҳаллӣ даст зада, фазои носолими якдигарбадбиниро ба миён овардааст. Нисбат ба амалҳои ғайриқонунии С.Адолатов зиёда аз 30 нафар сокинони минтақаҳои мазкур бо шикоят ба мақомоти дахлдори кишвар муроҷиат намудаанд.

«Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ҳаракатҳои С.Адолатов барангехтани кинаву адовати динӣ, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин дида мешавад», – омадааст дар иттилоияи КДАМ.

То ин замон ба Хабаргузории «Азия-Плюс» муяссар нашуд, ки шарҳи раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистионро дар мавриди ин қазия дастрас намояд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли 2013 Саодатшо Адолатов раҳбарии бахши ҲНИТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба уҳда гирифт. То ин дам ба ҳайси раиси бахши ҲНИТ дар ВМКБ Сабзаалӣ Мамадризоев фаъолият мекард, ки ҳангоми амалиёти махсус дар Хоруғ рӯзи 25-уми июли соли 2012 кушта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.