Ҳалокати ду кӯдак дар Хуросон бар асари селхезӣ



Бар асари офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон сокинони деҳаи Меҳнатобод, кӯдакон – Абдурасул Набиеви 5-сола ва Абдураҳмон Солиеви 2-сола заери лойқа монда, ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар доданд, дар натиҷаи селхезӣ ҳудуди 170 манзили зист хароб шудааст.

Сардори ситоди ҲФ вилояти Хатлон Ҳотамшо Шарифов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки муовини раиси КҲФ ва МГ Абдусаттор Хушвахтов ба ҷойи ҳодиса омадаааст. Ҷиҳати пешгирии селфароии такрорӣ техникаи вазнин сафарбар гардида, аҳолии деҳа ба макони бехавф кӯчонида шудаанд.

Ба иттилои хабарнгори «Азия-Плюс» аз ҷойи ҳодиса, дар макони селфаромадаи деҳа ҷасадаи мурдаи ҳайвоноти хонагӣ дида мешаванд.

Сокини маҳаллӣ Аваз Ғозиев аз ин ҳодиса чунин ҳикоят кард: «Дирӯз ҳангоми оғози селфароӣ ман фарзандонамро ба ҷойи бехавф бурдам. Кӯдакони зёиде дар кӯча буданд ва ба маҷрои сел муқобилат карда натавонистанд. Мардони деҳа тариқи баллонҳои резинӣ ба наҷоти кӯдакон шитофтанд. Мутаассифона, ба мо муяссар нашуд, ки ду кӯдакро наҷот бидиҳем. Яке аз кӯдаконро маҷрои сел мустақиман аз дасти модараш рабуд. Худи зан феълан дар беморхона бистарист. Дар деҳаи мо зиндагӣ кардан хатарнок аст. Селпартоҳо аллакай пур шуда, агар боришоти шадид идома ёбад, боз сел омада, вазъ боз хатарнок мешавад».

Ёдрас мекунем, ки офатҳои табиии рӯзҳои 12-13-уми апрел дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 15 кушта бар ҷой гузошт. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, бар асари ин офатҳо дар ноҳияи Шӯрообод – 13 нафар, дар ноҳияи Ҳамадонӣ – 1 нафар ва дар ноҳияи Восеъ як нафари дигар ба ҳалокат расиданд.

spot_imgspot_img

Популярное