«Чакан» ба мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО шомил мешавад

Бо мақсади эҳё ва рушди ҳунари чакандӯзӣ ва муаррифии ин намунаи барҷастаи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик, бо ташабуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон номинатсияи «Чакан» барои ворид намудан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии Бунёди маориф, илм ва фарҳанги Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) пешниҳод гардид. Директори Пажуҳишгоҳи назди Вазорати фарҳанги ҶТ Қурбоналӣ Бӯриев ба «Азия-Плюс» дар ин […]

Заррина Эргашева



Бо мақсади эҳё ва рушди ҳунари чакандӯзӣ ва муаррифии ин намунаи барҷастаи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик, бо ташабуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон номинатсияи «Чакан» барои ворид намудан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии Бунёди маориф, илм ва фарҳанги Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) пешниҳод гардид.

Директори Пажуҳишгоҳи назди Вазорати фарҳанги ҶТ Қурбоналӣ Бӯриев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки баҳри шомил шудани «Чакан» ба ин рӯйхат Тоҷикистон ба ЮНЕСКО дархост ва тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кардааст.

«Тамоми талаботи ЮНЕСКО ба иҷро расонида шуда, мутмаинам, ки шомил гардидани «Чакан» ба мероси фарҳанги ғайримоддии ин созмон ба пешрафти нуфузи Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад намуд», – зикр кард Бӯриев.

Ҳунари чакандӯзӣ аз қадим барои зебу орои сарулибосу курта дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон истифода мегардад. Чакан зеби ҳар духтару зани минтақаи ҷануби кишвар аст ва дар тамоми хонаводаҳо пироҳани чакан ва чодару руймоли чаканро дидан мумкин аст. Дар ин баробар тоқиҳои гулдори чаканро мардон низ ба сар мекунанд.

Қобили зикр аст, ки қаблан ба рӯйхати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО мусиқии «Шашмақом» ва ҷашни «Наврӯз» шомил гардида буданд.

Дар ҳамин ҳол, соли 2009 Тоҷикистон ба ЮНЕСКО пешниҳод намуд, ки 8 иншооти таърихии кишвар – Саразм (Зарафшон), Бунҷикат (Панҷакент), Қалъаи Ҳисор (Ҳисор), шаҳраки таърихии «Ҳулбук (Восеъ), Тахти Сангин (Қубодиён) Муҷассамаи Буддои Аҷинатеппа (Вахш) ва Қалъаи Ямгун (Помир) ба феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ дохил карда шаванд.

Ёдрас мекунем, ки Қалъаи Ҳулбуки Тоҷикистон ба феҳристи иншооти умумииҷаҳонии таърихӣ шомил гардида, аз соли 2004 дар маркази таваҷҷуҳи бостоншиносони маҳаллӣ ва хориҷӣ қарор дорад.

Соли 2011 шаҳраки қадимаи Саразм, воқеъ дар ноҳияи Панҷакент бо қарори комиссияи дахлдори ЮНЕСКО ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонӣ шомил карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.