Мусоидати МТБ ба таҳияи стратегияи миллии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба вазорату идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон дар таҳияи Стратегияи миллии таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ёрии фаннӣ мерасонад, ки яке аз бандҳои муҳими Барномаи  Ҳукумати ҶТ дар мавриди мутобиқ сохтани низоми савдо дар давраи баъд аз вуруд ба СТҶ мебошад. Дар иттилоияи […]

ASIA-Plus



Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба вазорату идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон дар таҳияи Стратегияи миллии таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ёрии фаннӣ мерасонад, ки яке аз бандҳои муҳими Барномаи  Ҳукумати ҶТ дар мавриди мутобиқ сохтани низоми савдо дар давраи баъд аз вуруд ба СТҶ мебошад.

Дар иттилоияи расмии маркази дар ин робита зикр мегардад, ки МТБ ёриҳои худро дар ин бастагӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳае амал менамояд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар табиқи уҳдадорияҳояш дар баробари СТҶ ва амалисозии Созишномаҳои СТҶ мусоидат мекунад. Ин лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад.

Барои оғози ибтикорҳо ҷиҳати таҳияи Стратегияи миллии таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон, МТБ рӯзи имрӯз мизи гирде зери унвони «Стратегияи миллиии таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҶТ» баргузор мекунад. Намояндагони сатҳи баланди ниҳодҳои марбутаи вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, ва ҷонибҳои манфиатдори дигар дар гирди ин миз ҷамъ меоянд, то чолишҳо ва масъалаҳои соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон ва муҳиммияти таҳияи Стратегияи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквориро баррасӣ бикунанд.

Доктор Намрата Вакҳалу, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, мегӯяд: “Таҳияи Стратегияи миллии таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҶТ, ки ҷавобгӯи талаботи рӯзафзуни истеъмолкунандагон дар мавриди бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ бошад, ҳама гуна навгониҳоро дар саноати хӯрокворӣ ба инобат гирифта, дар таъсиси низоми муассири таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мусоидат менамояд. Таҳияи Стратегияи миллӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷиҳати муайян кардани самтҳои асосии гузариш аз низоми мавҷуда ба низоми наву самаранок кӯмак намуда, барои  ворид кардани таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Амалигардонии стратегияи мазкур барои беҳтар намудани таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хӯроквории бехатар, ҳифзи саломатии истеъмолкунандагон ва дастрасӣ ба бозорҳои содиротӣ ва содироти маҳсулоти хӯрокворӣ мусоидат хоҳад кард”.     

Дар соли  2011 Маркази тиҷорати байналмилалӣ ҷадвали баҳодиҳии вазифаҳо, салоҳият ва фаъолияти вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквориро таҳия карда буд. Ҷадвали мазкур барои муайян кардани ҳолатҳои такроршавии фаъолият ва норасоиҳои ҷойдошта кӯмаки амалӣ намуда, дар таҳияи пешниҳоду тавсияҳо оид ба бознигарӣ ва таҳияи чорабиниҳо ҷиҳати аз байн бурдани такроршавии фаъолиятхо дар байни вазорату идораҳо ва ҳалли масоили ҷойдошта бо назардошти принсипҳои идоракунии самаранок заминаи муҳим гардид. Машварати мазкур мавҷуд будани ҳолатҳои такрорёбии баъзе фаъолиятҳои вазорату идорахои марбутаро, ки дар самти таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ фаъолият мекунанд, ошкор намуд.

Дар соли 2012, МТБ дар доираи ҳалли масъалаҳои мазкур ёрии амалии худро бо саҳмгузорӣ дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон  «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва  ворид намудани он тавсияҳои  муфиде, ки зимни мизи мудаввари соли 2011 пешниҳод гардида буданд, идома дод. 

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.