Афзоиши ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон

Семоҳаи аввали соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 41 млн. 838 ҳазор доллари ИМА 67 ҳазору 705 тонна гази моеъ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 ҳазору 752 тонна зиёдтар аст. Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуданд, ки сол то сол […]

Заррина Эргашева



Семоҳаи аввали соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 41 млн. 838 ҳазор доллари ИМА 67 ҳазору 705 тонна гази моеъ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 ҳазору 752 тонна зиёдтар аст.

Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуданд, ки сол то сол дар баробари воридоти автомашинаҳои гуногун ҳаҷми воридоти ин навъи сӯзишворӣ низ меафзояд, зеро феълан ҳудуди нисфи автомбилҳои ҷумҳурӣ ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, арзиши як тонна гази моеъи воридотӣ то гузаргоҳи гумрукии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 618 доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки ин нарх аз нархи соли гузашта қариб фарқе надорад.

Зимнан зикр гардид, ки моҳи ахир арзиши гази моеъ дар ҷумҳурӣ боло рафта, имрӯз нархи миёнаи 1 литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯш 2,9-3 сомониро ташкил медиҳад. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе арзиши 1 литр гази моеъ ба ҳисоби миёна ба 3,20 сомонӣ баробар аст.

Бино ба маълумоти хадамоти гумрук, аз ҳаҷми умумии воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон ҳиссаи Қазоқистон – 91%, Русия – 6,6% ва Туркманистон – 2,4%-ро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.