Ирсоли парвандаи қочоқи 115 кило героин аз Тоҷикистон ба суди вилояти Маскав



Прокуратураи вилояти Маскав парвандаи ҷиноӣ нисбати ду нафар боздоштшудагон ба иттиҳоми қочоқи 115 кило героин аз Тоҷикистон ба Русияро ба суд ирсол намуд. Дар ин бора дар торнамои мақомоти прокуратураи вилояти Маскав хабар дода мешавад.

Ин ҷо сухан сари ду шаҳрванди Тоҷикистон – Шавкатҷон Шокиров ва Фатҳуддин Фатҳуддинов меравад, ки ба содир намудани ҷиноят тибқи моддаҳои «Қочоқи маводи нашъаовар» ва «Фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир» гумонбар дониста мешаванд.

Бино ба маълумоти пешакии тафтишот, шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо шарикони худ, ки нисбати онҳо парвандаи ҷиноии ҷудогона боз гардидааст, ба қочоқи миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир ба Русия даст задаанд. Маводи мухаддири героинро онҳо тариқи Қирғизистон дар автомашинаи бо олуча боршуда дар пинҳонгоҳҳо ворид карда буданд.

Моҳи июли соли гузашта онҳо дар ноҳияи Кашири вилояти Маскав боздошт шуда, маводи мухаддирро кормандони мақомоти интизомӣ мусодира намуданд. Прокуратура хулосаи айбнома нисбати Шокиров ва Фатҳуддиновро тасдиқ карда, ҷиҳати баррасӣ ба суд фиристод. Гумонбаршудагон дар ҳабс қарор дошта, нисбати ҳаммаслакони онҳо парвандаи ҷиноии ҷудогона боз шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное