Ирсоли парвандаи қочоқи 115 кило героин аз Тоҷикистон ба суди вилояти Маскав

Прокуратураи вилояти Маскав парвандаи ҷиноӣ нисбати ду нафар боздоштшудагон ба иттиҳоми қочоқи 115 кило героин аз Тоҷикистон ба Русияро ба суд ирсол намуд. Дар ин бора дар торнамои мақомоти прокуратураи вилояти Маскав хабар дода мешавад. Ин ҷо сухан сари ду шаҳрванди Тоҷикистон – Шавкатҷон Шокиров ва Фатҳуддин Фатҳуддинов меравад, ки ба содир намудани ҷиноят тибқи […]

ASIA-Plus



Прокуратураи вилояти Маскав парвандаи ҷиноӣ нисбати ду нафар боздоштшудагон ба иттиҳоми қочоқи 115 кило героин аз Тоҷикистон ба Русияро ба суд ирсол намуд. Дар ин бора дар торнамои мақомоти прокуратураи вилояти Маскав хабар дода мешавад.

Ин ҷо сухан сари ду шаҳрванди Тоҷикистон – Шавкатҷон Шокиров ва Фатҳуддин Фатҳуддинов меравад, ки ба содир намудани ҷиноят тибқи моддаҳои «Қочоқи маводи нашъаовар» ва «Фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир» гумонбар дониста мешаванд.

Бино ба маълумоти пешакии тафтишот, шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо шарикони худ, ки нисбати онҳо парвандаи ҷиноии ҷудогона боз гардидааст, ба қочоқи миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир ба Русия даст задаанд. Маводи мухаддири героинро онҳо тариқи Қирғизистон дар автомашинаи бо олуча боршуда дар пинҳонгоҳҳо ворид карда буданд.

Моҳи июли соли гузашта онҳо дар ноҳияи Кашири вилояти Маскав боздошт шуда, маводи мухаддирро кормандони мақомоти интизомӣ мусодира намуданд. Прокуратура хулосаи айбнома нисбати Шокиров ва Фатҳуддиновро тасдиқ карда, ҷиҳати баррасӣ ба суд фиристод. Гумонбаршудагон дар ҳабс қарор дошта, нисбати ҳаммаслакони онҳо парвандаи ҷиноии ҷудогона боз шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.