Го Шэнкун: Ба кишварҳои узви СҲШ «инқилобҳои ранга» таҳдид мекунанд



– Ба кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай нерӯҳои беруна таҳдид доранд, ки ба роҳандозии «инқилобҳои ранга» ташаббус нишон хоҳанд дод, – изҳор кард вазир амнияти Чин Го Шэнкун зимни вохӯрии котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмон дар Душанбе.

Ӯ қайд кард, ки нерӯҳои хориҷ бо истифода аз мухолифат ва мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ баҳри сарнагун сохтани ҳукумат ба роҳандозии мавҷҳои нави «инқилобҳои ранга» кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

«Ин ба соҳибистиқлолӣ ва амнияти кишварҳои минтақа хатари зиёд дошта, боиси нигаронии ҳамаи кишварҳои узви СҲШ аст», – гуфт вазири Чин.

Ба гуфтаи Го Шэнкун,  баҳри муқовимат бо амалҳои дахолат ба корҳои дохилии кишварҳо муттаҳидсозии кӯшишҳо ва таҳияи тадбирҳои муштарак аз ҷониби кишварҳои СҲШ зарур аст. Ӯ даъват кард, ки идоракунии фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ пурзӯр ва ҳамчунин ба назорати шабакаҳои иҷтимоӣ тақвият бахшида шавад, то ки «бо мақсади таъмини сулҳу субот ва амният дар минтақа аз сенарияҳои такрори «инқилобҳои ранга» саривақт пешгирӣ карда шавад».

Қобили зикр аст, ки айни замон ба ҳайати СҲШ кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное