Баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон дар семоҳаи аввал

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ, инчунин сарварони муассисаҳои тобеи […]

ASIA-Plus



Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ, инчунин сарварони муассисаҳои тобеи Вазорат ширкат варзиданд. Дар кори ҷаласа ҳамчунин, Муовини Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷидӣ Юсуф Хайрулло, роҳбарону намояндагони як қатор вазорату идораҳои соҳавӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараро бо суханони муқаддимавӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо, Шариф Раҳимзода оғоз намуда, сипас, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар семоҳаи аввали соли 2014 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ Вазир, Шариф Раҳимзода маърӯза намуд.

Дар аснои чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба таҳлили амиқи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, рушди ММД, сатҳи таваррум, гардиши савдои чакана, вазъи корхонаҳои саноатӣ, рушди содирот ва вазъи воридот, ҳамчунин масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ беш аз 7 млрд. 810 млн. сомонӣ (зиёда аз 1,6 млрд. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7% зиёд аст. Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии ҷумҳурӣ дар ин давра ба зиёда аз 1,1 млрд. $ баробар шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 3,7% (қариб 45 млн. $) камтар аст. Давоми моҳҳои январ-марти соли 2014 мизони таваррум дар кишвар 2,4%-ро ташкил дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.