Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда бозиҳои давраи дуюми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои ин давра бо натиҷаҳои зайл ба итмом расиданд: «Далерон» (Истаравшан) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:3; «Энергетик (Душанбе) – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – 1:0; «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 1:0 ва «Регар-ТадАЗ» (ш. Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:1.
Пас аз даври дуюми мусобиқот дастаи «Истиқлол» бо 6 имтиёз пешсаф буда, дастаҳои «Хайр» (Ваҳдат), «Хуҷанд» ва «Энергетик» 4-холӣ ба даст оварданд. Даври навбатии мусобиқоти Лигаи олии футболи ҷумҳурӣ рӯзҳои 26-28-уми апрел доир мегардад.
Вохӯриҳои даври сеюм: «Хуҷанд» – «Далерон»; «Истиқлол – Энергетик»; КМВА «Помир» – «Регар-ТадАЗ»; «Парвоз» – «Хайр» ва «Равшан» (Кӯлоб) – «Вахш».



